Важа Пшавелла (тахаллус; ному насаби аслиаш Лука Павлович Разикашвили; (26.7.1861–10.7.1915, Тбилиси), шоири гурҷӣ. Аз оилаи шахси рӯҳонӣ. Таҳсили ибтидоиро дар омӯзишгоҳи динии шаҳри Телави анҷом додааст. Пас аз хатми семинарияи омӯзгории шаҳри Гори (1882) муаллим буд. Соли 1883 барои идомаи таҳсил ба шаҳри Петербург рафт, муддате шунавандаи озоди Донишгоҳи Петербург буд, аммо ба сабаби нодорӣ таҳсилро идома дода натавонист. Ба зодгоҳаш баргашта, ба деҳқонӣ рӯз мегузаронд. Ба арсаи адабиёт миёнаи солҳои 1880 ворид гардид. Дар асарҳояш аз гузаштаи мардуми диёраш сухан кардааст, устураҳову ривоятҳои қаҳрамонии қабилаҳои куҳистонии пшавҳо ва хевсурҳоро ситудааст: достонҳои «Гоготур ва Апшина», «Қиссаи пирамард» (ҳар ду 1886), «Стумар Маспиндзели», «Бахтриони» (1892), «Номаи пшав-сарбоз ба модар» (1915) ва ғ. Қаҳрамонони асарҳои В. П. шахсиятҳои қавию тавоно, муборизони роҳи озодӣ ва истиқлол, муҳофизони урфу одатҳои қадими халқ мебошанд (достонҳои «Алуда Кетелаури» 1888; «Меҳмон ва мизбон» 1893; «Мардуд» 1894; «Морхӯр» 1901 ва ғайра). В. П. муаллифи 36 дос тон, 400 шеър, чандин ҳикоя, пйеса, мақолаи танқидӣ-адабиётшиносӣ, мақолаҳои публитсистӣ ва ғ. мебошад. В. П. дар адабиёти гурҷӣ чун устоди каломи бадеъ, эҳёгари забони адабии гурҷӣ, вассофи табиати диёр ва зебоиҳои он шинохта шудааст. Ос.: Кӯҳу водӣ. Васият (шеърҳо) //Шарқи Сурх, 1961, № 8; Стихотворения и поэмы. М., 1985.

Важа Пшавела
гурҷӣ: ვაჟა-ფშაველა
Ном ба ҳангоми таваллуд: гурҷӣ: ლუკა რაზიკაშვილი
Таърихи таваллуд: 14 (26) июл 1861[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 27 июн (10 июл) 1915[1] (53 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир, омӯзгор, тарҷумон, намоишноманавис, нависанда
Забони осор: гурҷӣ
Имзо: имзо
rustaveli.tripod.com/psh…
 Парвандаҳо дар Викианбор
Логотипи Викигуфтовард Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард

Адабиёт вироиш

  • Шоири бузурги грузин //Шарқи Сурх, 1961, № 8;
  • Абуашвили А. Б. Важа Пшавела. Мировидение и поэтика. М., 2000.

Сарчашма вироиш

  1. 1.0 1.1 Большая российская энциклопедия (рус.)М.: Большая российская энциклопедия, 2004.
  2. Важа Пшавела // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохоров — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.