Вазн (форсӣ: وزن ‎) — дар адабиётшиносӣ андоза ва ченаки шеър аст. Яке аз хусусиятҳои асосии шеърист, ки он аз сухани маъмулӣ ё наср тафовут дорад (фарқ мекунад).

Вазн - яъне бо тартиби муайян ва баробар омадани ҳиҷоҳои дарозу кӯтоҳ ё барои мисол дурустиву ҳамоҳангии ду мисраъ дар шеър аст. Агар аз нигоҳи тақтеъ мисраъҳо баробарвазну мутаносиб бошанд, онро каломи мавзун, яъне сухани дорои вазн мегӯянд. Вазн яке аз воситаҳои зебову хушоҳанг кардани шеър аст, ки сухани гӯяндаро муассиру дилнишин мегардонад. Вазн дар заминаи мусиқии калом эҷод шудааст, аз ин рӯ, аз мусиқӣ ҷудо нест ва ҳар сухани мавзун дорои мусиқию оҳангест. Баъзан шоир, вобаста ба вазни шеър, калимаҳоро ихтисор ё ҷояшонро иваз мекунад, ё ҳангоми зарурат калимаҳои мушаддадро беташдид меорад, ё, баръакс, аз талаботи вазн маншаъ мегирад. Бинобар ин, вақте ки шоир барои эҷоди шеъри худ вазнеро интихоб мекунад, наметавонад то ба охир аз доираи он Вазн берун биравад, магар ин ки дар ҳолати зарурат рукнҳоеро аз ин вазн кам кунад ё бар он афзояд.

Ҳоло дар мавриди эҷоди назми ҷаҳон аз ду навъи Вазн: квалитативӣ (сифатӣ) ва квантитативӣ (миқдорӣ) истифода мебаранд. Вазни шеъри форсӣ, аслан, вазни ҳиҷоӣ ва арӯзист, ки аз оғози адабиёт то имрӯз амал мекунанд. Вале дар оғози садаи XX, таҳти таъсири шеъри асрҳои 19–20 Эрон, адабиёти аврупоӣ ва русӣ ба шеъри тоҷикӣ навъҳои дигари шеър – шеъри озод, шеъри сафед ва ғ. ворид карда шуданд, ки аслан дар доираи арӯзанд, вале бо камиву афзунии рукнҳояшон аз шеъри маъмули классикӣ фарқ мекунанд. Вазн дар мусиқӣ ҳамчун табдили овозҳо яке аз воситаҳои таъсиррасон ва шаклсоз, ҷузъи ҳама гуна асарҳои мусиқӣ ба шумор меравад. Мавзунии савту нағамоти марғуб таъсирбахшии оҳангро бештар мекунад. Шеъре, ки дар Вазни хубу оҳанги гӯшнавоз эҷод шудааст, мусиқии зебову мавзун дорад.

Адабиёт вироиш

  • Ҳодизода Р., Шукуров М., Абдуҷабборов Т., Фарҳанги истилоҳоти адабиётшиносӣ. Д., 1966;
  • Шарифов Х., Тоиров У. Назмшиносӣ. Д., 2005;
  • دهخدا. لغت نامه. جلد ۲. تهران، ۱۳۸۵ هـ. ش؛ خانلری پرویز. وزن شعر فارسی. تهران، ۱۳۳۷هـ. ش؛ شمس الدین محمد بن قیس رازی. المعجم فی معا ییراشعارالعجم. تهران، ۱۳۳۸ هـ. ش

Сарчашма вироиш