Валиғонд (деҳа, н. Кӯҳистони Масчо)

(Тағйири масир аз Валиғонд)

Валиғонд (Валиғунд — ҷойи ҷамъ омадани валиҳо) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Кӯҳистони Масчо. Дар соҳили чапи дарёи Зарафшон ва доманаи қаторкӯҳҳои Зарафшон воқеъ гардидааст. Аз Валиғонд то маркази ҷамоат 6 км, то маркази ноҳия 40 км. Аҳолиаш 692 нафар (2017).

Деҳа
Валиғонд
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Суғд
Ноҳия Кӯҳистони Масчо
Таърих ва ҷуғрофиё
Минтақаи замонӣ {{{минтақаи замонӣ}}}
Аҳолӣ
Аҳолӣ 692 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992 3479

Иқтисод вироиш

Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, китобхона, 2 нуқтаи савдои хусусӣ, НБО-и хурди Валиғонд, 1 масҷид дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ ва картошкапарварӣ. Заминҳо аз рӯдхонаи Валиғонд ва дараи Такоб обёрӣ мешаванд. Аз ҳунарҳои мардумӣ косибӣ, наҷҷорӣ, оҳангарӣ, намадсозӣ ривоҷ дорад.

Таърих вироиш

Аҳолӣ тақрибан дар асрҳои 12 — 13 маскун шудаанд. Олим ва донишманд Мулло Муҳаммадшариф бо тахаллуси Эшони Мударрис зодаи Валиғонд буда, соли 1890 аз тарафи ҳукумати Бухоро ба сифати сафир ба Англия сафар кардааст. Соли 1956 мардумаш куллан ба Дашти Дилварзин кӯчонида шуда, Валиғонд беодам монда буд. Як қисми аҳолӣ (тақрибан 500 хоҷагӣ) бо нишони эътироз ба ноҳияи Букаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон кӯч бастанд. Айни замон тақрибан 3 ҳазор нафар аҳолии Валиғонд дар ноҳия Бука, 500 нафар дар шаҳраки Зарнисори ноҳияи Қайроққум ва 800 нафар дар ноҳияи Мастчоҳ зиндагонӣ мекунанд. Аз ёдгориҳои таърихӣ мадфану мақбараи Шайх Ғиёсуддини Валӣ (асри 17), Мулло Абдувоҳид (аз Бухоро таъкиб шудааст), Мулло Абдулҳафизи Балогардон, Хоҷа Иброҳим, Хоҷаи Ёлдор, Хоҷаи Белдор (асрҳои 17-18) маҳфуз мондаанд, ки зиёратгоҳи мардум мебошанд.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш