Вафо Назаров (6 майи 1940, деҳаи Девдара, ноҳияи Шӯробод — 12 январи 2024, Душанбе) — мусаввир, узви Иттифоқи рассомони СССР, узви Иттифоқи журналистони СССР, узви Ҷамъияти рассомон-графикҳои ЮНЕСКО, Раиси Академияи мусаввирии Тоҷикистон, Аълочии телевизион ва радиои СССР, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (1982), Рассоми халқии Тоҷикистон

Вафо Назаров
Вафо Назаров
Суратҳо
Таърихи таваллуд 6 май 1940(1940-05-06)
Зодгоҳ: ноҳияи Шӯробод
Таърихи даргузашт 12 январ 2024(2024-01-12) (83 сол)
Маҳалли даргузашт

Зиндагинома вироиш

 
Аъзои Академияи мусаввирии Тоҷикистон, Шахси дуюм аз рост — Вафо Назаров

Вафо Назаров 6 майи соли 1940 дар деҳаи Девдараи ноҳияи Шӯрободи вилояти Кӯлоб ба дунё омадааст. Солҳои 1955—1960 дар Омӯзишгоҳи рассомии шаҳри Душанбе‎ ва солҳои 1966—1972 дар Институти театр, мусиқӣ, кинематография ва телевизиони шаҳри Ленинград таҳсил кардааст. Дар солҳои 1963—1966 дар сафи Қувваҳои иусаллаҳи ИҶШС хидмати сарбозӣ кардааст.

Корнома вироиш

  • 1958—1960 — коргари сохтмони манораи телевизион
  • 1960—1963 — рассом-таҳиягари Телевизони Тоҷикистон,
  • 1972—1981 — саррассоми студияи Телевизони Тоҷикистон,
  • 1981 — Раиси раёсати Фонди бадеии Тоҷикистон ва ҷонишини Раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон иштихоб шудааст,
  • 1968 — ба узвияти Иттифоқи рассомони СССР пазируфта шудааст,
  • 1973 — ба узвияти Иттифоқи кинематографистони СССР пазируфта шудааст,
  • 1984 — ба узвияти Иттифоқи журналистони СССР пазируфта шудааст,
  • 1996 — ба узвияти Ҷамъияти рассомон-графикҳои ЮНЕСКО қабул кардаанд,
  • 1997 — ҷонишини Раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, Раиси Бунёди рассомони Тоҷикистон,
  • 2006 — саррасоми ҷашни 2700-солагии шаҳри Кӯлоб,
  • 2009 — Раиси Академияи мусаввирии Тоҷикистон пазируфта шудааст,

Соли 2011 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон узви ҳайати Кумитаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шудааст.

Даргузашт вироиш

Вафо Назаров 12 январи соли 2024 дар 84-солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт[1].

Ҷоизаҳо вироиш

Нигористон вироиш

Эзоҳ вироиш

  1. Даргузашти Рассоми халқии Тоҷикистон Вафо Назаров. asiaplustj.info. ASIA-Plus (12 Январ 2024). 12 Январ 2024 санҷида шуд.
  2. А. Абдуҷабборов. Дарсҳои Вафо Назаров. — Душанбе, 2012, с. 8

Пайвандҳо вироиш