Вашт (форсӣ: وشت‎) — ягоне тактикӣ дар нерӯҳои мусаллаҳ, ки аз ду ё бештар таҳм ташкил шуда ва бахше аз гурдон ё ягоне мустақил аст; гурӯҳон[1], рота[2].

Ваштҳо бахше аз гурдон ё ҳанг ҳастанд ва ё метавонанд ягоне мустақил бошанд. Ваштҳои мустақил аз дидгоҳи созмонӣ ягонҳои размӣ ва идорӣ-иқтисодии мустақил (ягони низомӣ) ҳастанд.

Вашт вобаста ба хешкорияш чунин намудҳо дорад: вашти идорӣ, вашти пиёдагон (вашти пиёдагони мутурӣ), вашти тирандоз (вашти тирандози савора), вашти ҳавобурди чатрбоз, вашти танкшикор, вашти парведорӣ, вашти муҳандисии размӣ, вашти танк, вашти фаннӣ, вашти таробарӣ, вашти туфангдорони дарёӣ, вашти ситод ва дигарҳо[2].

Пешина вироиш

Сипоҳи Сосониён
Ягонҳо Шумори нерӯҳо Фармондеҳ
radag 10 сарбоз *radagbān
tahm 100 сарбоз tahmdār
wašt 500 сарбоз wašt-sālār
drafš 1 000 сарбоз drafš-sālār
gund 5 000 сарбоз gund-sālār
spāh 10 000 сарбоз spāhbed
artēštārān artēštārān-sālār

Вашт (порсии миёна: wašt > паҳлавӣ: wast «сада, бахше аз сипоҳ») ҳамчун ягони размӣ нахустин бор дар сипоҳи Ҳахоманишиён (550330 то милод) падид омадаву «сада» (порсии бостон: *θata-) номида мешуда ва онро «садабад» (порсии бостон: *θata-pati-) фармондеҳӣ мекард[3]. Ҳар сада аз 10 даҳа (порсии бостон: *daθa-) ташкил мешуд ва 100 сарбозро дар бар мегирифт.

Cада дар сипоҳи Ашкониён (250 то милод224), ки созмони радабандии даҳдаҳии сипоҳи Ҳахоманишиёнро ба кор гирифта буд[4], «васт» (паҳлавӣ: wast) ном гирифта ва фармондеҳи он «васт-солор» (паҳлавӣ: wast-sālār) хонда мешуд[5].

Дар сипоҳи Сосониён (224651) низ ҳамин радабандӣ ба кор мерафта, вале ин ягон «вашт» (порсии миёна: wašt) хонда мешудаву 500 сарбозро дар бар мегирифта ва фармондеҳаш «вашт-солор» (порсии миёна: wašt-sālār) номида мешудааст[6].

Ин истилоҳро арманиҳо дар замони Ашкониён аз эрониён вом гирифтаву ҳануз ҳам дар Нерӯҳои мусаллаҳи Арманистон «рота»-ро «вашт» (арманӣ. Վաշտ) меноманд[7].

Бо таваҷҷуҳ ба ин пешина, вожаи «вашт» барои ҷойгузин кардани вомвожаи русии «рота» (аз лаҳӣ: rota > олмонӣ: Rotte «гурӯҳ, даста») ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст[8].

Фармондеҳӣ ва шумори нерӯҳо вироиш

Ваштро афсаре дар симати фармондеҳи вашт сардорӣ мекунад. Маҷмуъи кормандони низомие, ки ойинномаи низомӣ барояшон ҳуқуқу масъулиятҳое барои фармондеҳии ягонҳои вашт муқаррар карааст, фармондеҳии вашт номида мешавад[9]. Дар Нерӯҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон фармондеҳи вашт, муъовини ӯ, муъовини фармондеҳ дар умури тарбиятӣ, муъовини фармондеҳ дар умури фаннӣ ва ҷангафзор, меҳтари вашт фармондеҳии ваштро ташкил медиҳанд.

Вашт аз якчанд таҳм ва рада таркиб меёбад. Шумораи нерӯҳои вашт ба хешкории он вобаста аст. Масалан, дар Артиши Шуравӣ дар охири солҳои 1980-ум, ваштҳо вобаста ба хешкорияшон чунин шумор доштанд[10]:

  • вашти тароразмӣ (дар худрави размии пиёдагон / зиреҳпӯшҳо) - 103 - 110 кас;
  • вашти таҳоҷумии ҳавобурд (дар худрави размии десант) - 75 кас;
  • вашти танкӣ (ҳанги тирандози савора) — 40 кас;
  • вашти танкӣ (ҳанги танкӣ) — 30 кас;
  • вашти парведорӣ — 55 кас;
  • вашти муҳандисии размӣ — 60 кас;
  • вашти таъмир — 65 кас;
  • вашти омод — 90 кас;
  • вашти иртиботу мухобирот — 50 кас.

Ҳамакнун фармондеҳӣ ва шумори нерӯҳои ваштҳои тароразмӣ (ваштҳои муҷаҳҳаз ба худравҳои зиреҳӣ барои таробарӣ ва разм) ва танкӣ дар артиши кишварҳои гуногун тақрибан яксон аст[2].

Дар Нерӯҳои мусаллаҳи Русия як вашти тароразмӣ аз фармондеҳӣ ва 3 таҳми тирандозӣ иборат аст. Вашт мусаллаҳ ба туфангҳои таҳоҷумӣ, норинҷакандозҳо, ҳавопаймозанҳо, худравҳои зиреҳпӯш (худравҳои размии пиёдагон, сарбозбарҳо) аст. Вашти танкӣ фармондеҳии вашт ва 3 таҳми танкиро дар бар мегирад. Ваштҳои тароразмӣ ва танкӣ метавонанд ҳам дар таркиби гурдон амалиёт анҷом диҳанд ва ҳам масъулиятҳои мустақили ҷангӣ (посдорӣ, парведорӣ ва ...) дошта бошанд. Бар пояи ойинномаҳои ҷангии Шуравӣ ва Русия, ҳангоми амалиёти офандӣ ваштҳои тароразмӣ ва танкӣ масъули анҷоми амалиёт дар ҷабҳае ба паҳнои 1 килуметр ҳастанд. Ҳангоми амалиёти падофандӣ вашт нуқтаи муқовимате ба паҳноии то 1,5 килуметр ва жарфои то 1 килуметрро дифоъ мекунад[11]. Дар артиши дигар кишварҳо низ ҳамин нишондиҳандаҳо ба кор мераванд[12].

Дар Артиши Амрико вашти пиёдагони мутурӣ (вашти муҷаҳҳаз ба имконоти комили таробарӣ, ки қодир аст ҳама коркунону силоҳҳову таҷҳизоти худро якбора ва бе ёрии дигар манобеъ ҳаракат диҳад) аз фармондеҳӣ (11 кас), 3 таҳми пиёдагони мутурӣ (ҳар кадоме 35 кас) иборат аст. Фармондеҳии вашт аз се бахш (рада) таркиб меёбад: бахши фармондеҳи вашт (3 кас), бахши муовини фармондеҳи вашт (3 кас) ва бахши саргурӯҳбони вашт (5 кас). Таҳми пиёдагони мутурӣ низ аз бахши фармондеҳӣ ва 3 радаи пиёдагони мутурӣ ташкил мешавад. Шумори нерӯҳои вашти пиёдагони мутурӣ 116 кас аст. Ин вашт дар ихтиёри худ 14 худрави размии пиёдагон, 9 сомонаи мушакии танкзан ва дигар аслиҳаи тирандозӣ дорад. Вашти танкӣ аз фармондеҳӣ (14 кас) ва 3 таҳми танкй (ҳар кадоме 4 саворони танкӣ) иборат аст. Шумори нерӯҳои вашти танкӣ 62 кас аст[12]. Вашти пуштибонии оташӣ аз таҳмҳои парведорӣ, минандозӣ, танкзанӣ ва 3 бахш — фармондеҳӣ, раддёбии радарӣ ва сомонаи падофанди ҳавоии ҳамроҳ, иборат аст. Шумори нерӯҳои вашти пуштибонии оташӣ 145 кас аст ва бо 4 минандози худгард, 12 сомонаи мушакии танкзан, 5 сомонаи падофанди ҳавоии ҳамроҳ, 4 радар ва 13 зиреҳпӯш мусаллаҳ аст[2][13].

Дар Бундесвер (Нерӯҳои мусаллаҳи Олмон) вашти пиёдагони мутурӣ аз фармондеҳӣ (16 кас) ва 4 таҳми пиёдагони мутурӣ (хар кадоме 27 кас) иборат аст. Таҳми пиёдагони мутурӣ аз бахши фармондеҳӣ ва 2 радаи пиёдагони мутуррӣ иборат аст. Шумори нерӯҳои вашти пиёдагони мутурӣ 124 кас аст. Ин вашт дар ихтиёри худ 13 худрави размии пиёдагон, 13 норинҷакандози танкзан, 4 сомонаи мушакии танкзан ва дигар аслиҳаи тирандозӣ дорад. Вашти танкӣ аз фармондеҳӣ (12 кас) ва 3 таҳми танкӣ (4 саворгони танкӣ дар 2 рада) иборат аст. Шумори нерӯҳои вашти танкӣ 60 кас аст[12] [13].

Дар Артиши озодибахши халқи Чин вашти пиёдагони мутурӣ аз фармондеҳӣ, 3 таҳми пиёдагони мутурӣ, таҳми аслиҳа ва таҳми сарбозбарҳо иборат аст. Таҳми пиёдагони мутурӣ (38 кас) аз бахши фармондеҳӣ ва 3 радаи пиёдагони мутурӣ иборат аст[12].


Эзоҳ вироиш

  1. Фарҳанги ҳазорвожаи низомӣ. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Дафтари вожагузинии низомии Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, 1392. – с. 161. 4 сентябри 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 Декабри 2018.
  2. 2.0 2.1 2.2 2.3 Коллектив авторов. Том 7, статья «Рота» // Военная энциклопедия / Под ред. П.В. Грачёв. — М.: Воениздат, 2003. — С. 282-283. — 735 с. — 10 000 экз. — ISBN 5-203-001874-X.
  3. W. Hinz, Altiranisches Sprachgut der Nebenüberlieferungen, Wiesbaden, 1975, p. 87
  4. Никоноров В. П. К вопросу о парфянском наследии в сасанидском Иране: военное дело // Центральная Азия от Ахеменидов до Тимуридов: археология, история, этнология, культура. Материалы международной научной конференции, посвященной 100-летию со дня рождения Александра Марковича Беленицкого (Санкт-Петербург, 2–5 ноября 2004 года) / Отв. ред. В. П. Никоноров. СПб., 2005. С. 156
  5. Farrokh, Kaveh. Sassanian Elite Cavalry AD 224-642. Oxford: Osprey, 2005. ISBN 1841767131. — с. 6—7. 4 Январ 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 1 сентябри 2021.
  6. Kaveh Farrokh, Gholamreza Karamian, Katarzyna Maksymiuk. A Synopsis of Sasanian Military Organization and Combat Units, Siedlce-Tehran 2018. — ISBN 978-83-62447-22-0. — c. 13
  7. Айвазян А. Терминология организационной структуры Армянской Армии в IV—V вв. // А. Айвазян. Армяно-персидская война 449–451 гг. Кампании и сражения.– Eреван: Воскан Ереванци, 2016; СПб.: Алетейя, 2017. С. 360-464.
  8. Умед Джайхани: В национальной армии и терминология должна быть максимально национальной
  9. «Некоторые основные положения проекта боевого устава сухопутных войск». Пункт 43. Журнал Военная мысль. №1, 2002 год
  10. Коллектив авторов. Раздел «Motorized rifle regiment structure» // Field Manual No. 100-2-3 «The Soviet Army:Troops, Organization, and Equipment» / Под ред. Carl E. Vuono[en]. — Вашингтон: US Government Printing Office, 1991. — С. 32-66. — 456 с.
  11. «Боевой устав по подготовке и ведению общевойскового боя. Часть II. Батальон, рота». — М.: ВоенИздат, 2006. — С. 73-74, 179. — 701 с.
  12. 12.0 12.1 12.2 12.3 Байрамуков Ю. Б. Драбатулин Е. А. «Общая тактика. Сухопутные подразделения армий иностранных государств». Учебное пособие / Под ред. Вейсова Л. И.. — Красноярск: Полиграфический центр СФУ, 2011. — С. 4-5, 23-24,. — 80 с. — 100 экз. — ISBN 978-5-7638-2423-0.
  13. 13.0 13.1 Гришин С. В. Цапенко Н. Н. Глава II. Организация частей сухопутных войск армий США и ФРГ // «Соединения и части в бою» / Под ред. Ивлев С. Н.. — М.: Воениздат, 1985. — С. 51-75. — 279 с. — 37 000 экз.

Пайвандҳо вироиш