Ваҳдати вуҷуд ( ар. وحدة الوجود — яктоии ҳастӣ) — истилоҳи фаннӣ дар фалсафаи исломӣ ва ғолибан дар ирфони исломӣ аст.

Дар тӯли таърих тафосири мутафовите аз ваҳдати вуҷуд тавассути тарафдорон, мухолифин он ва ахиран шарқшиносони ғарбӣ дода шудааст. Маъмулан, аввалин тавзеҳ бо тафсили ин истилоҳ ба Ибни Арабӣ нисбат дода мешавад. Ҳарчанд, Ибни Арабӣ худаш аз лафзи «ваҳдати вуҷуд» истифода накард ва афроде қабл аз ӯ ҳам суханони мушобеҳе гуфта буданд. Ба унвони мисол, Муҳаммад Ғаззолӣ (505 ҳ.қ.) баён мекунад, ки «Ҳеҷ вуҷуде ғайр аз Худованд нест … вуҷуд фақат ба Яктои ҳақиқӣ мутааллиқ аст». Ба гуфтаи Ғаззолӣ, меваи маънавии суъуди як сӯфи ин аст, ки «гувоҳӣ диҳад, ки ҳеҷ мавҷудияте ба ҷуз Худо нест ва ин ки ҳар чизе ба ҷуз чеҳраи Худо нобудшавандааст».

Аввалин касе, ки иборати "ваҳдати вуҷуд"-ро ба унвони як истилоҳи фаннӣ ба кор бурд, Саъидуддини Фарғонӣ, насли севум аз мактаби Ибни Арабӣ буд. Албатта, ин фикр дар зеҳни сӯфиёни авоил пайваста камобеш буда ва чунонки машҳур аст, шахсе ба Ҷунайд мегуфт: «Замоне буд, ки Худо буд ва ҷуз Ӯ касе набуд». Ҷунайд бедиранг гуфт: «Акнун ҳам чунон аст». Яъне ҷуз Худо касе дар арсаи ҳастӣ нест.

Дар андешаи исломӣ баҳси ваҳдат (тавҳид) дар мафҳуми воҳидият (яке) ва аҳадийят (яктоӣ)-и Худо аз ибтидо матраҳ будааст, аммо баҳс аз вуҷуд тақрибан дертар ворид шуд ва нақши муҳиммеро, ба вижа дар таҳаввули фалсафа, ки ғолибан ҳастишиносӣ таъриф мешавад, ифо кард. Истилоҳи ваҳдати вуҷуд дар ҳеч кадом аз манобеъи муқаддам бар осори Ибни Арабӣ ёфт намешавад, аммо бисёре аз ибороти сӯфия ба муҳтавои он ишора дорад. Маъруфи Кархӣ (тав. 200 қ.) нахустин касе будааст, ки шаҳодатро ба сурате, ки дар қуруни баъд аксаран ба чашм мехӯрд, бозгӯ кард: «Дар ҳастӣ ҷуз Худо нест». Аз Абулаббоси Қассоб (қарни чаҳоруми ҳифрӣ) сухани мушобеҳе нақл шудааст: «Дар ду олам ба ҷуз Парвардгори ман вуҷуд надорад ва ҳама мавҷудот ғайр аз вуҷуди Ӯ маъдум ҳастанд». Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ (тав. 481 қ.) ба «тавҳиди хавос» бо ин воқеият ишора мекунад, ки «Ҷуз Ӯ касе нест» (Лайса ғайра Аҳад). Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ чандин тақрир аз тавҳид ба арабӣ ва форсӣ ироа карда, ки ба таври қатъ илҳомбахши нависандагони баъд будааст. Ӯ дар таърифи панҷ мартаба аз тавҳид аз мартабаи севум ба унвони вуҷудуттавҳид сухан мегӯяд, ки иборат аст аз: «Хурӯҷ аз ҳудуди шавоҳид ва ба сӯи маҳзи Шоҳиди азалӣ ва абадӣ», охирин мартаба, яъне «индироҷи тавҳид дар воҳид» иборат аст аз: «Истиғроқи чизе, ки ҳеч гоҳ набуд, дар ончи ҳамеша ҳаст», Ансорӣ дар фарози дигаре ба «тавҳиди хавос» бо ин воқеъият ишора мекунад, ки «Ҷуз Ӯ касе нест» (Лайса ғайра Аҳад).Пеш аз Ғаззолӣ (тав. 505 қ.) вожаи вуҷуд бештар барои тавзеҳи маънои тавҳид ба кор рафтааст. Ғаззолӣ дар китоби "Мишкоту-л-анвор" самараи уруҷи маънавии урафоро ба ин сурат шарҳ медиҳад: «Онҳо аз тариқи як шуҳуд бевосита мушоҳида мекунанд, ки ҳеч чиз ҷуз Худо вуҷуд надорад ва ҷуз ваҷҳи Ӯ ҳама чиз ҳалокшавандааст», ки ба мафҳуми ваҳдати шуҳуд ишора дорад, ки худ муқаддимаи мафҳуми ваҳдати вуҷуд аст. Ӯ дар китоби машҳураш "Эҳёи улум" иборати «Ҳеҷ чиз ҷуз Худо вуҷуд надорад… вуҷуди танҳо ба вуҷуди ҳақиқӣ тааллуқ дорад»-ро оварда, ки мутаъйин дар мафҳуми ваҳдати вуҷуд аст.‎

Қайдҳо вироиш

Пайванд вироиш