Википедиа:Дастури интихоботи мудирон ва девонсолорон

Қабул аз рӯи овоздиҳӣ, ки аз 5 то 17 апрели соли 2016 барпо гашт. Дар қудрат аз 18 апрели соли 2016 (UTC).


Кӣ метавон номзади мудир шавад? вироиш

Номзад ба мудири Википедиа метавон корбаре бошад, ки якбора ҷавобгӯи чунин талабот бошад:

  • номзад ба мудирӣ дар лоиҳаи тоҷикии Википедиа на кам аз 6 моҳ иштирок карда бошад;
  • на кам аз 1000 вироиш дошта бошад.

Номзадҳое, ки ба ҳар яке аз ин талабот ҷавобгӯ набошанд, яке аз девонсолорони фаъоли Википедиа, дархостро бояд рад кунад.

Кӣ метавон номзади девонсолор шавад? вироиш

Номзад ба девонсолори Википедиа метавон корбаре бошад, ки якбора ҷавобгӯи чунин талабот бошад:

  • номзад ба девонсолорӣ дар лоиҳаи тоҷикии Википедиа на кам аз 2 сол иштирок карда бошад;
  • на кам аз 2000 вироиш дошта бошад;
  • вазифаи мудири Википедиа ё доварро дар давоми ним сол то лаҳзаи пешбарии номзадиаш иҷро карда бошад;
  • оне, ки дар давоми як соли охир 3 моҳи ғайрифаъолӣ надошта бошад;
  • оне, ки дар давоми ним соли охир то лаҳзаи пешбарӣ, муҷозот аз ҷониби Ҳайати доварӣ, аз рӯи хулосаи баррасии даъво зиди номзад набошад.

Номзадҳое, ки ба ҳар яке аз ин талабот ҷавобгӯ набошанд, яке аз девонсолорони фаъоли Википедиа, дархостро бояд рад кунад.

Номзадҳое, ки қаблан худро пешбарӣ намуданд ва онҳое ки маҳруми ваколат гаштанд вироиш

Номзаде, ки қаблан худро пешбарӣ намуд ва дастгирии кулли ҷамоаро гирифта натавонист ё пас аз оғоз шудани овоздиҳӣ аз дархост даст кашид ё пеш аз ваколатии мудир ё девонсолор маҳрум гашта буд, метавон пас аз се моҳ такроран номзадии худро ба унвони мудир ва ё девонсолор пешбарӣ кунанд.

Кӣ метавон овоз диҳад дар интихоботи девонсолорон ва мудирон вироиш

Дар овоздиҳии интихоботи девонсолорон ва мудирони тоҷикии Википедиа ба корбароне иҷозат дода мешавад, ки номнавис шуда бошанд, кадоме ки дар лоиҳа на кам аз 3 моҳ ширкат варзида на кам аз 100 вироиши хуб[1], ки дар фазои аслии мақолаҳо на кам аз як вироиш на дер аз 30 рӯз на пеш аз 60 шабонарӯз то ҳолати пешбарии номзад, инчунин на кам аз як вироиш, на дер аз 15 шабонарӯз то ҳолати пешбарии номзад.

Тартиби пешбарии номзадҳо ба девонсолорӣ ва мудирӣ вироиш

Номзад ба девонсолорӣ ё мудирӣ, одатан бо таври худкор пешбарӣ мекунанд, лек онҳоро метавон дигар корбар ҳам пешниҳод кунад, оне ки ҳуқуқи овоз дар интихоботи девонсолорон ва мудирон дорад, мувофиқи ҳамин қоида. Дар ин ҳолат номзад дар саҳифаи овоздиҳӣ, бояд розигии худро нисбати ба уҳда гирифтани ваколати девонсолор ва ё мудирро баён кунад, дар ҳолати бо мувафақ гузаштани интихобот дар Википедиа. Пешбарии худкор хубтар аст, чун намоиш медиҳад, ки номзад пурра фаҳмида истодааст, ки ба чӣ уҳдадор мекунад ин мансаб.

Тартиби интихоботи мудирон ва девонсолорон вироиш

Дар овоздиҳӣ ва муҳокимаи номзадҳо, ҳар як корбари тоҷикии Википедиа метавон фақат бо як ҳисоби корбарӣ ширкат варзанд ва танҳо аз ҳамин ҳисоби корбарӣ ба инобат гирифта мешаванд дар вақти тафтиши корбари овоздиҳанда ва ё номзад. Дар вақти овоздиҳӣ, поймол кардани дастурҳои Википедиа ( ru:ВП:НОП, ru:ВП:ВИРТ, ru:ВП:НО ва дигар) қатъи манъ аст. Овозҳое, ки ба ин талабот ҷавобгӯ нест, девонсолорон сабабашро фаҳмонда хат мезананд. Дар ҳолати шубҳаи боасос, ки дастурҳои ru:ВП:ВИРТ ва ё ru:ВП:НОП поймол шуда истодаанд, девонсолорон ҳуқуқ доран, ки тафтишкунанадагони махсусро (чекюзерҳо) барои тез тафтиш кардан даъват кунанд.

Овоздиҳӣ барои интихоботи девонсолорон ва мудирон аз лаҳзаи розӣ шудани номзад оғоз гирифта дар 19:00 UTC (бо вақти ҳамоҳангсозии ҷаҳонӣ) дар 14 рӯз пас аз оғоз гирифтан ба анҷом мерасад. Дар вақти овоздиҳӣ мумкин аст тариқи «худдорӣ», лек ин овозҳоро дар вақти ҳисоби сатҳи дастгиркардагон ба инобат намегиранд. Танҳо дар он маврид овоздиҳӣ ба ҳисоб меравад, агар шумораи умумии овозҳои «тарафдор» + «муқобил», ки корбарони ҳуқуқи овоздошта мувофиқи ҳамин дастур доданд, на кам аз 15 дар интихоботи мудирон ва на кам аз 30 дар интихоботи девонсолорон[2].

Хулосаи овоздиҳиро бояд яке аз девонсолорони фаъоли Википедиа барорад. Ӯ инчунин бояд ба натиҷаҳои овоздиҳӣ қарор барорад оиди додан ва ё инкори парчами таҷҳизотии «девонсолор» ё «мудир» ба номзад.

Номзад ба мудирӣ ҳамон вақт интихобшуда ба ҳисоб меравад, агар на кам аз 2/3 (66,(6) %), ва номзад ба девонсолорон — на кам аз 3/4 (75 %) қисми овозҳои «тарафдор» аз шумораии умумии овоздодагон, ки ҳуқуқи овоз доранд.

Девонсолор қарор мувофиқи тибқи тартиби муқаррарнамудаи таносуби %-и овозҳои «тарафдор» қабул мекунад. Дар ҳолатҳои «дар дам» (ҳаммарз) [3]. девонсолор, дигар омилҳоро ҳам ба инобат мегирад — хусусан далелҳои овоздиҳандагони «тарафдор», «муқобил» ё худдорикардагонро, ки фаъолияти пеш аз пешбарии номзадро дарбар мегирад, баҳои девонсолорон оиди лоиқ будани номзад дар ин мансаб. Ҳангоми ошкор намудани ҳолатҳои мураккаб, вобаста ба аз ҳад зиед будани «виртуалҳо», ё бо кашфи амали номзад, ки ба ин унвон лоиқ набошад, девонсолор метавон қарори рад қабул кунад оиди додани унвон (бо шарҳи сабабҳои аниқ). Девонсолор наметавонад бе розигии ҷамоа (консенсус) мудир ва ё девонсолорро таъин кунад.

Дар сурати ихтилофи назар байни девонсолорон, ки чӣ тавр тафсири ин ва ё он ҳолатҳои «дар дам» диҳанд, қарор оиди таъин намудан ба воситаи розигии (консенсус) девонсолорон қабул карда мешавад (на кам аз 2/3 қисми шумораи девонсолорон). Дар ин ҳолат, агар консенсус набошад, ба номзад унвон дода намешавад.

Эзоҳ вироиш

  1. Яъне, вироишҳое ки дар оқибат ҳазф ё ботил шудан ба инобат гирифта намешаванд, инчунин, вироишҳои ба мисли викифонидан, гузоштани шаблон ва ислоҳи имло. Дар ҳолате, ки пас аз тарҳ кардани ингуна вироишҳо саҳми корбар кам аз 100 вироиш бошад, бо қарори яке аз девонсолорон ба овоздиҳӣ роҳ дода намешавад. Девонсолорон барои тафтиши ҳамаи варзидагон вазифадор нестанд, лек натиҷаи тафтиши саҳми овоздиҳандагонро бояд ба инобат гиранд, агар ингуна натиҷаро дигар корбарони тафтишкарда ба девонсолор диҳанд.
  2. Дар ҳолати зарурӣ, агар ҷамоа далелҳои асоснок дар вақти овоздиҳӣ дода тавонанд, ки ин барои беҳбудии лоиҳа меоварад, он вақт девонсолор метавонад парчамро диҳад, лек дар ин ҳолат шумораи овозҳои мусбати сифатнок на кам аз 5 бе овози манфӣ барои мудирон ва на кам аз 20 овози мусбати сифатнок бе овози манфӣ барои девонсолорон. Дар ҳолати ногувор, на вобаста аз шумора.
  3. Ҳолати «дар дам» (ҳаммарз) ҳолатест, ки дар вақти хатзанӣ аз ҷониби девонсолорон овозҳои корбарони ҳуқуқи овоз мувофиқи ҳамин дастур надошта, шумораи овозҳои «тарафдор»и номзад рад карда мешаванд аз арафаи муқарраршуда на беш аз 3 % ба ин ё он ҷониб (яъне қарор дорад, дар доираи [2/3 тарҳ/ҷам 3 %] дар интихоботи мудирон ва [3/4 ҷам/тарҳ 3 %] барои интихоби девонсолорон), инчунин ҳолати хатзанӣ ва ё иловаи 3 овози «тарафдор» ё «муқобил» дар рӯйхати ниҳоӣ метавонад натиҷаи овоздиҳиро тағйир намояд

Инчунин нигаред вироиш

Шаблон:Дастурҳои Википедиа