Виктор Вазарели (Vasarely, аслан Вашархей Vasarhel) (9.4.1908 – 15.3.1997) — наққоши фаронсавӣ, асосгузори оп-арт ва яке аз ҳунармандони муваффақтарини ин сабк.

Виктор Вазарели
фр. Victor Vasarely
Сурат
Ном ҳангоми таваллуд маҷорӣ: Vásárhelyi Győző
Таърихи таваллуд 9 апрел 1906(1906-04-09)[1][2]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 15 март 1997(1997-03-15)[3][4][5][…] (90 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Пеша рассом, visual artist, муҷассамасоз, тарроҳ, graphic artist, printmaker, тасвиргар
Фарзанд Jean-Pierre Yvaral[d][9]
Ҷоизаҳо
Вебгоҳ pierrevasarely.com
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома вироиш

Виктор Вазарели дар Маҷористон таваллуд шудааст. Соли 1930 ба Порис кӯчид. Дар солҳои 30 садаи XX ба Вазарели осори П. Клее ва П. Мондриан таъсири сахт гузошт. Вазарели силсилаи усулҳои тасвирию графикии ҳандасавиро таҳия намуд. Дар ибтидо рассоми соҳаи графика буд, сипас ба наққошӣ рӯй овард ва тарҳҳои хаттии сиёҳу сафедро дар рӯйи коғаз, варақаи шаффофи пластика ва шиша мекашид. Чоркунҷа, доира, секунҷа, росткунҷа ва хатҳои мувозии амудиву уфуқӣ унсурҳои аслии таркибии асарҳояш буданд. Вай бо кашидани хатҳо дар фосилаҳои гуногун нисбат ба якдигар дар асараш мафҳумҳои муҷарради фазоии себуъдӣ (сеандоза)-ро падид овард. «Фирӯза» (1965, Амстердам, Стеделийк-музей), «Зетт» (1966, Монреал, Осорхонаи санъати муосир), «Вега-Сенде» (Осорхонаи ҳунарҳои муосири Теҳрон) аз ҷумлаи онҳоанд. Баъдан рангҳои дурахшонро ба кор бурд. Асарҳои Вазарели дар бисёр намоишҳои байналмилалӣ соҳиби ҷоизаҳо гардидаанд. Ҳамчунин аз соли 1960 дар соҳаи санъати монументалӣ ва дизайн фаъолият дошт. Барои филмҳои тасвирӣ суратҳо мекашид, ки ба сифати ашёи ороишӣ ё бозичаҳо истифода мешуданд. Соли 1982 дар ватанаш шаҳри Печ осорхонаи Вазарели кушода шуд. Осори Вазарели дар бисёр осорхонаҳои ҷаҳон ба намоиш гузошта шудаанд.

Адабиёт вироиш

  • Хальцай М. Вазарели. М., 2006;
  • Новая российская энциклопедия. Т. III (2). М., 2007;
  • دانشنامۀ دانشگستر. جلد ۱۷. تهران، ۱۳۸۹ هـ. ش؛ دائرة المعارف فارسی. جلد ۲. تهران، ۱۳۸۷ هـ. ش

Сарчашма вироиш

Эзоҳ вироиш