Вилояти Владимир (русӣ: Владимирская область) — вилоят ва субъект дар Русия.

Вилояти Владимир
Парчам Нишон
Парчам Нишон
Кишвар  Русия
Маркази маъмурӣ Владимир
Роҳбар Vladimir Sipyagin[d]
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис 14 август 1944
Масоҳат
  • 29 000 км²
Вақти минтақавӣ MSD[d] ва Europe/Moscow[d][2]
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Шиносаҳои ададӣ
Рамзи ISO 3166-2 RU-VLA
Коди мошинҳо 33
Вебгоҳи расмӣ(рус.)
Вилояти Владимир дар харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ҷуғрофиё вироиш

Дар маркази қисми аврупоии Русия воқеъ гардидааст. Дар шимол бо вилоятҳои Ярославл ва Иваново, дар шарқ бо вилояти Нижегородск, дар ҷануб ва ғарб бо вилоятҳои Рязан ва Маскав ҳамсарҳад аст. Ба ҳайати округи федералии Марказ дохил мешавад. Масоҳаташ 29 ҳазор км². Аҳолиаш 1,41 млн нафар (2014). Зичии миёнаи аҳолӣ дар 1 км² 49,7 нафар (2014). Вилоят аз 16 ноҳия 23 шаҳр, 26 шаҳрак, 80 деҳа иборат аст. Ш-ҳои калонаш: Ковров, Муром, Александров, Владимир, Вязники, Колчугино. Маркази маъмуриаш — шаҳри Владимир. Мақоми иҷроия — ҳукумати вилоят, мақоми қонунбарор — Маҷлиси қонунбарор.

Таърих вироиш

Дар ҳудуди Вилояти Владимир дар асри 1-и м. қабилаҳои фину угории меря ва муром маскун карда шуданд. Маскуншавии қабилаҳои славянии словенҳои илмин ва вятич дар минтақа аз садаи X оғоз ёфт. Замини Владимир яке аз ҳудудҳои асосии давлатдории қадими Рус мебошад. Дар ин ҷо князиҳои Суздал ва Муром, баъд князии бузурги Владимир — давлати бузургтарини Руси Қадим дар шимолу шарқи Рус ба вуҷуд омаданд. Аз садаи XIII ба замини Вилояти Владимир чанд бор муғулу тоторҳо тохтутоз карданд. Дар асрҳои 14-15 ин замин дар ҳайати давлати марказонидаи Рус буд. Рушди саноат дар кишвари Вилояти Владимир бо ислоҳоти Пётри I дар ибтидои садаи XVIII алоқаманд аст. Мануфактураҳои бофандагӣ дар Вязники ва Муром пайдо шуданд. Дар уезди Маленков оҳан истеҳсол карда мешавад. Дар асрҳои 18-19 дар ҳудуди Вилояти Владимир беш аз 50 заводи шиша сохта шуданд, ки зарфҳои шишагӣ ва булӯрин истеҳсол мекарданд. 2 марти 1778 бо фармони Екатеринаи II губ. Владимир ташкил карда шуд. Ба рушди саноат сохтмони р. о. аз Маскав тавассути Вилояти Владимир то Нижний Новгород (1862) мусоидат намуд. Соли 1929 заминҳои губ. Владимир дар ҳайати вилояти саноатии Иваново буданд. Вилояти Владимир 14 августи 1944 дар ҳайати ҶШФСР ташкил карда шуд.

Иқлим вироиш

Ҳудуди Вилояти Владимир дар маркази ҳамвории Аврупои Шарқӣ ҷойгир шудааст. Сатҳаш ҳамвор, теппаҳо низ дорад. Дар шимолу ғарб баландии Маскав (баландиаш то 238 м) воқеъ гашта, он дар ҷануб ба баландии ҳамвори Владимирское Ополйе (баландиаш то 170—200 м) иваз мешавад. Аз ҷануб ва шарқ пастиҳои Мешёра ва Нерл (баландиашон 110—115 м) ҳамшафатанд. Сарватҳои зеризаминӣ: оҳаксанг, торф, сангу регҳои сохтмонӣ, гил, кварс ва ғайра. Дар ҳудуди Вилояти Владимир чашмаҳои табиии обҳои маъданӣ вомехӯранд. Иқлимаш континентии муътадил. Ҳарорати миёнаи январ аз — 110С (дар қисми шимолу ғарбӣ) то — 120С (дар қисми ҷанубу шарқӣ), июл +180С. Миқдори миёнаи бориши солона 550—600 мм. Дарёҳои асосиаш Клязма ва Ока. Дар ҳудуди вилоят садҳо дарёи тӯлашон то 8,6 ҳазор км ҷорӣ мешаванд. Клязма дар гӯшаи ҷанубу шарқӣ ба д. Ока мерезад. Калонтарин шохобҳои Клязма: Шерна, Киржач, Пекша, Колокша, Нерл, Судогда, Увод, Лух, Суворош. Шохобҳои Ока: Гус, Унжа ва Ушна. Дар ҳудуди вилоят тақр. 300 кӯли хурду бузург ба қайд гирифта шудаанд. Хокаш бештар чимтоли хокистарранг. Қариб 49,4 дарсади ҳудуди вилоят бешазор аст. Дар бешазор дарахтони сӯзанбарг ва паҳнбарг — санавбар, тӯс, сиёҳбед, коҷ ва ғайра. мерӯянд. Пастии Мошёр аз наботот ғанӣ аст. Дар ин ҷо тамашк, тути заминӣ, қот, черника, брусника, калина, клюква, рустаниҳои доруӣ (чилбуғум, бӯйи модарон, чойкаҳак, пудина, газанда, гули барфак ва ғайра) ва занбӯруғҳо месабзанд. Умуман дар вилоят 1371 намуд рустаниҳои рагдор ва 230 намуд ушнашаклҳо ба ҳисоб гирифта шудаанд. Олами ҳайвоноти имрӯзаи вилоят беш аз 50 намуд ҳайвоноти ширхӯр (гавазн, хуки ваҳшӣ, оҳу, гавазни холдор, гург, санҷоб, харгӯш, рӯбоҳ, силовсин, савсор, хаз, қашқалдоқ, муши обӣ ва ғайра), 5 намуди хазанда ва 10 намуди обхокӣ дорад. Дар ҳудуди вилоят 216 намуди паранда (дурроҷ, титав, рябчик, кабк, ғоз, мурғобӣ ва ғайра) зиндагӣ мекунанд. Кӯлу дарёҳои Вилояти Владимир сермоҳиянд (қариб 40 намуд). Барои муҳофизати намудҳои нодири ҳайвонот дар ҳудуди вилоят Боғи миллии «Мешер», қӯруқҳои федералии «Клязма» ва «Муром» ташкил карда шудаанд. Инчунин дар ҳудуди вилоят 31 қӯруқи минтақавӣ мавҷуданд.

Саноат вироиш

Соҳаҳои асосии саноати вилоят — мошинасозӣ, электроэнергетика, истеҳсоли шиша, саноати сабук. Марказҳои асосии мошинасозӣ — Владимир, Ковров, Муром. Корхонаҳои калонаш: з-ди трактори Владимир, з-ди мотори электрикии Владимир «Электроприбор», з-ди механикии Ковров, з-ди экскватори «Ковров», з-ди тепловози Муром, заводи мошини Муром, з-ди сими Колчугин, ҶСШК-и з-ди таҷҳизоти мошинҳои борбардори Гороховетс «Элеватормаш», з-ди мошини Селиван. Дар шаҳри Владимир заводи кимиё (маҳсулоти зифти синтетикӣ, полиэфирҳо), дар шаҳри Александров ф-каи «Искож» (истеҳсоли чарми сунъӣ) ҳаст. Саноати сабук, матоъҳои пахтагӣ, катон истеҳсол мекунад. Корхонаҳои калони саноати хӯрокворӣ: «Молоко», «Ополйе», ф-каи қаннодии консерни Kraft Foods (ф-каи шоколади шаҳри Покров), филиали ширкати UNITED BAKEPS дар шаҳри Гороховес, з-дҳои ликёру шароби «Владалко», «Александров», «Муром». Минтақа аз неруи барқ танқисӣ мекашад. 3/4 ҳиссаи талаботи он аз шабакаи муттаҳидаи энергетикии дигар ноҳияҳои Русияи Марказӣ ба воситаи шабакаи барқии Владимир таъмин карда мешавад. Калонтарин корхонаи ин соҳа — «Владимирэнерго». ТЭТС-2-и Владимир (иқтидораш 407 МВт) ва зерпойгоҳи Владимир (иқтидораш 2500 МВА). Саноати шиша (З-ди маҳсулоти булӯрини Гусев; ҶСП «Символ» дар Курло, 60 дарсади шишаи тирезаи Русияро истеҳсол мекунад; ҶСШК «Красное Эхо» дар шаҳраки Красное Эхо, ҶСШК «Русҷам» дар Гороховетс) ҳар гуна шишаҳои техникӣ, бинокорӣ, зарфҳо, булӯр, шишаҳои ранга истеҳсол мекунад. Саноати чӯбу тахта (Петушки, Костерево), мебел (Владимир, Вязники) ва фанер (Муром) ривоҷ ёфтааст. Маҳсулоти ҳунармандиаш — гулдӯзӣ, заргарӣ, минётураҳои локӣ (Мстёра).

Кишоварзӣ вироиш

Соҳаҳои асосии кишоварзӣ — рустанипарварӣ, парвариши чорвои ширу гӯштдеҳ ва парандапарварӣ. Асосан гов, асп, хук, гӯсфанд ва буз мепарваранд. Тақр. 25 корхонаи махсусгардонида ба парвариши чорвои зотӣ машғуланд. Аспи зоти владимирӣ машҳур аст. Якчанд хоҷагии моҳидорӣ ва бисёр хоҷагиҳои занбӯрпарварӣ мавҷуданд. Масоҳати умумии заминҳои кишоварзӣ 866,1 ҳазор га. Масоҳати заминҳои кишт 331,2 ҳазор гектарро ташкил медиҳад, ки дар 63,1 дарсади он зироатҳои хӯроки чорво, дар 25,3 дарсад зироати ғалладона (гандум, ҷав, ҷавдор, сулӣ ва ғайра) кишт мекунанд. Картошка ва сабзавот низ мекоранд. Боғдорӣ ривоҷ ёфтааст, навъи олуболуи маҳаллӣ шуҳрат дорад. Боркашонӣ дар ҳудуди вилоят асосан ба воситаи р. о. сурат мегирад. Шоҳроҳҳои асосии р. о.: Маскав — Владимир — Горкий, Маскав — Муром — Қазон, Маскав — Александров — Иваново. Аз роҳҳои автомобилгард роҳи «Волга» М 7, ки аз Покров, Петушки, Лакинск, Владимир, Вязники ва Гороховес мегузарад, аҳаммияти бештар дорад. Д.-ҳои Ока ва Клязма (дар поёнобаш) киштигарданд. Аз ҳудуди Вилояти Владимир лӯлаҳои интиқоли газ (Нижний Новгород — КС Муром, Нижний Новгород — Шёлково) ва сӯзишворӣ (Кстова — Рязан) мегузаранд. Дар Вилояти Владимир беш аз 30 муассиса ба таҳқиқоти илмӣ машғуланд. Мактабҳои олии калонтарин: Донишгоҳи давлатии Владимир, Донишгоҳи давлатии гуманитарии Владимир, Академияи давлатии технологии Ковров, Институти ҳуқуқшиносии Вазорати адлияи Владимир. Дар вилоят театрҳои драма ва лухтак, филармония, китобхонаи вилоятӣ, кинотеатрҳои замонавии «Киномакс-Буревестник», «Рускино» (Владимир), «Сатурн» (Александров) ва «Октябр» (Муром), Осорхона-мамнуъгоҳи давлатии муттаҳидаи таърихию меъморӣ ва санъати бадеии Владимиру Суздал фаъолият доранд. Дар ҳудуди вилоят зиёда аз 3500 ёдгории таърихӣ ва фарҳангӣ мавҷуданд.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • География России. Энциклопедический словарь. М., 1998;
  • Большая российская энциклопедия. Т. V. М., 2006;
  • Новая российская энциклопедия. Т. I. IV (1). М., 2004, 2007;
  • Владимирская область. Атлас/. Омск, 2009;
  • Серёгин А. П., Флора Владимирской области: контекст и атлас. Тула, 2012.