Вичугашаҳр дар вилояти Ивановои Русия. 71 км дуртар аз қисми шимолу шарқии ш. Иваново ҷойгир аст. Аҳолиаш 36, 9 ҳазор нафар (2014).

Маҳалли аҳолинишин
Вичуга
русӣ: Вичуга
Парчам Нишон
Парчам Нишон
Кишвар  Русия
Таърих ва ҷуғрофиё
Таъсис 1925
Масоҳат
  • 31 км²
Баландии марказ 135 м
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон 49354
Нишонаи почта 155330–155334
vichuga37.ru
 Парвандаҳо дар Викианбор

Вичуга дар сари роҳи оҳани Маскав – Кинешма ва шоҳроҳи автомобилгарди Кинешма – Иваново воқеъ аст.

Таърих вироиш

Соли 1925 дар натиҷаи муттаҳид гардидани 19 шаҳраки коргарӣ, 5 минтақаи саноатӣ ва 6 деҳа таъсис ёфтааст. Дар садаи XIX Вичуга маркази бузурги тиҷоратӣ-саноатӣ ба шумор мерафт. Дар охири садаи XIX ва ибтидои садаи XX Вичуга ба маркази бузурги саноатӣ, махсусан саноати нассоҷиву мошинасозӣ табдил ёфт. Корхонаҳои бузургаш: заводи мошинасозӣ, заводи чӯянрезӣ (соли 1877 Ф. Пелёвин таъсис додааст), ки бухориҳо, зинаҳо ва лӯлаҳои чӯянӣ истеҳсол мекунад. Аз соли 2006 техникаҳои борбардор истеҳсол мекунад.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Горбунов С. В., Любичев Ю. С. Вичуга: Историко-краеведческий очерк. Ярославл, 1986.

Сарчашма вироиш