Вйетнамиҳо — мардуме, ки аксарияти аҳолии Вйетнамро ташкил медиҳанд. Теъдоди умумии вӣетнамиҳо дар ҷаҳон ҳудуди 75 миллион буда, аз ин миқдор беш аз 70 миллионашон дар Вйетнам, боқимонда дар ИМА (1,2 млн), Камбоҷа (600 ҳазор) Фаронса (302 ҳазор), Австралия (174 ҳазор) Таиланд (103 ҳазор), Лаос (94 ҳазор), Олмон (83 ҳазор) Малайзия (83 ҳазор), Хитой (30 ҳазор), Русия (26,2 ҳазор) умр ба сар мебаранд. Забонашон вӣетнамӣ ва хатташон лотиниасос аст. Аксари эътиқодмандон пайрави динҳои буддоӣ (равияи маҳалии буддоия бо таъсири унсурҳои таълимоти даосизм ва конфутсия), масеҳӣ (мазҳаби католикӣ ва протестантӣ) ва боварҳои қадимии суннатӣ мебошанд.

Вйетнамиҳо
Шумора
  • 73 500 000 тан
Сукунат
Забон виетнамӣ
Дин буддогароӣ, Даосизм, Confucianism[d], котулисизм[d], протестантизм, Caodaism[d] ва Vietnamese folk religion[d]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Асли баромади вӣетнамиҳо аз қавми вет буда, дар ҳазорсолаи якуми то м. дар ҳавзаҳои дарёи Ситсзян (музофоти Чжесяни Хитой) то водиҳои дарёи Сурх (Вйетнами Шимолӣ) сукунат доштанд. Лакветҳо ҳамчун аҷдоди бевоситаи вӣетнамиҳо дар миёни қавми ветҳо гурӯҳи этникии нисбатан ташаккулёфта маҳсуб шуда, дар асрҳои 4–3 то м. асоси иттиҳоди қабилавии Ванлангро ташкил медоданд, ки соли 267 то м. аз ҷониби қабилаи тейа пароканда карда шуд. Бо вуҷуди он ки қабилаи тейа дар ҳудуди Вйетнами Шимолӣ давлати Аулакро таъсис дода буд, тадриҷан дар байни лакветҳо омезиш ёфт. Лакветҳо баъди барҳам додани давлати Аулак (соли 207) ҳамчун халқият ташаккул ёфта, давлатеро бо номи Намвет ташкил доданд, ки ахиран аз ҷониби империяи Хан соли 111 барҳам дода шуд. Вйетнамиҳо муддати зиёд зери таъсири арзишҳои фарҳангии Хитой қарор доштанд ва ниҳоят аз садаи X соҳибихтиёр шуданд. Қисми зиёди вӣетнамиҳо дар шаҳрҳо зиндагӣ карда, дар корхонаҳои саноатӣ ва соҳаи хидматрасонӣ фаъолият мекунанд. Дар байни вӣетнамиҳо ҳунарҳои анъанавии оҳангарӣ, кулолӣ, бофандагӣ, кандакории чӯб ривоҷ доранд. Маҳсулоти асосии хӯроквории вӣетнамиҳо биринҷ, сабзавот ва моҳӣ буда, танҳо дар рӯзҳои ид гӯшт истеъмол мекунанд. Деҳаҳои аҳолинишини вӣетнамиҳо дорои тарҳи меъмории якқади кӯчавӣ буда, дар наздикии роҳ ва соҳилҳои дарё бунёд шудаанд. Дар маркази деҳа хонаи ҷамъиятӣ (дин) ва майдони ҷаласагоҳи халқӣ воқеанд. Дар миёни вӣетнамиҳо бештар театри анъанавӣ (тео) ва мусиқии драмавӣ (тоунг) ривоҷ доранд. Вйетнамиҳо идҳои асосии худ – Тет (Соли нав) ва Тет чунг тхуро (иди тирамоҳ, ки ба кӯдакон нисбат дорад) бо баргузории маросими аспдавонӣ ва хурӯсҷанг пешвоз мегиранд.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Народы Юго–Восточной Азии. М., 1964;
  • دایرةالمعارف دانش بشر. جلد ۲ ، 2011.ر

Сарчашма вироиш