Водеви́л (фр. vaudeville) — пйесаи мазҳакавӣ, ки суруд ва рақс дорад.

Театри «Водевил» дар Вест-Энд

Истилоҳи водевил аз ибораи водии Вир (Vau de Vire дар Фаронса) баромадааст, зеро дар садаи XV сурудҳои ҳаҷвӣ дар ин маҳал хеле маъмул буданд. Водевил дар ибтидо сурудҳои тӯй ва кӯчагӣ буда, аз садаи XVIII чун жанри махсуси театрӣ дар Аврупо паҳн гардид. Аввали садаи XIX дар Русия пайдо шуд ва ривоҷу равнақаш бо номи А. И. Писарев ва А. С. Грибоедов марбут аст.

Драматургияи тоҷик вироиш

Водевил дар драматургияи тоҷик асосан пас аз ҶБВ (1941–45) пайдо шуда, дар он таъсири театрҳои халқӣ мушоҳида мешавад. «Дил-дили Зайнаб»-и Ш. Қиёмов ва А. Мороз, «Ҷарима сӣ танга», «Аз бало ҳазар», «Ҳодӣ ва Шодӣ»-и Ш. Қиёмов, «Тӯй»-и С. Ғанӣ, «Хонашерони майдонғариб»-и Ғ. Абдулло, М. Рабиев ва Ш. Қиёмов намунаҳои беҳтарини водевил дар драматургияи тоҷик мебошанд.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш