Войсеховский, Богдан Вячеславович

Войсеховский Богдан Вячеславович (22 январи 1922, деҳаи Сороки, вилояти Виннитса, Украина — 21 августи 1999, Вирҷинияи Ғарбӣ, ИМА) — механик ва физикдони шӯравӣ, доктори илмҳои физика ва математика (1961), академики АИ ИҶШС (1964) ва АИ Русия (1991).

Войсеховский, Богдан Вячеславович
Таърихи таваллуд 22 январ 1922(1922-01-22)
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 21 август 1999(1999-08-21) (77 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои физика ва метематика[d]
Алма-матер
Роҳбари илмӣ Mikhail Lavrentyev[d]
Ҷоизаҳо
ордени Ленин Order of the Patriotic War 2nd class ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ордени «Нишони Фахрӣ» Medal "For Courage" Jubilee Medal "50 Years of Victory in the Great Patriotic War 1941–1945" Medal "For the Defence of the Soviet Transarctic" Medal "For the Victory over Germany in the Great Patriotic War 1941–1945" Jubilee Medal "Forty Years of Victory in the Great Patriotic War 1941–1945"
Мукофоти ленинӣ
Вебгоҳ prometeus.nsc.ru/science…

Зиндагинома вироиш

Хатмкардаи Институти муҳандисию физикаи Маскав (1953). Дар соҳаи истифодаи фишори импулсӣ, шарраи моеи баландсуръат, таҷҳизоти гуногуни ҳидродинамикӣ таҳқиқот анҷом дода, дар татбиқи онҳо саҳм гузоштааст. Таҳқиқоти В. дар соҳаи истифодаи ҳодисаи детонатсияи мавҷӣ дар газҳо ва дигар силсилаҳои тарканда ӯро машҳур гардонданд. В. таҷҳизоти истифодаи неруи шамолро ихтироъ кард, ки ба тӯфон устувор буда, барои минбаъд ҷамъ кардани неру ва сохтани манбаъҳои барқароршавандаи он ва обсофкунакҳо замина мегузорад. В. муаллифи зиёда аз 200 асари илмӣ, 2 кашфиёти илмӣ ва зиёда аз 100 ихтироъ мебошад. Дорандаи Мукофоти ленинӣ (1965). Бо ордени Ленин, 2 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, орденҳои Ҷанги Ватанӣ (дараҷаи 2), «Нишони Фахрӣ» ва медалҳо сарфароз гардидааст.

Осор вироиш

  • Структура фронта детонации в газах. Новосибирск. 1963;
  • Микромодульная ветроэнергетика. Новосибирск, 1995.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Войцеховский Богдан Вячеславович. Новосибирск. 1982.

Сарчашма вироиш