Вунуни I

(Тағйири масир аз Вонони I)

Вунуни I (асри I то м.19, Киликия[d], Имперотурии Рум[d]) — подшоҳи Ашконӣ (6/7–12 мелодӣ), писари Фарҳоди IV.

Вунуни I
Таваллуд асри I то м.
Даргузашт 19
Дудмон Дудмони Ашконӣ
Падар Фарҳоди IV
Фарзандон Меҳрдод
 Парвандаҳо дар Викианбор

Вонон писари Фарҳоди (Фраати) IV (ҳукмронӣ 37-2) мебошад, ки ба ҳайси гаравгони ифтихорӣ бо иқдоми яке аз занҳои Фарҳоди IV — Музаи румиасл ба Рум фиристода шуда буд. Баъди он ки подшоҳи Порт Ороди III ба ҷурми золим будан аз тахту тоҷ маҳрум карда шуд, бархе аз пешвоёни кишвар ба қайсари Рум муроҷиат намуда, аз ӯ хостанд, ки Вононро ба ҳайси подшоҳи онҳо ба Порт фиристад. Вонон соли 8 м ба тахти Ашкониёни Порт нишаст, аммо бархе аз сарони кишвар ва омма ҳукмронии ӯро хуш напазируфтанд, чунки Вонон тарбияи румиҳоро гирифта буд. Онҳо ба ашхоси бонуфузи хонадони Ашкониён Артабони III муроҷиат намуда, хоҳиш карданд, ки ҳокимиятро ба даст гирад. Байни ду тараф ҷанг сар зад ва Вонон соли 12 м аз тарафи Артабони III шикаст хӯрд. Вонон ночор ба Арманистон фирор кард ва аз ҷониби пешвоёни ин кишвар ба ҳокимӣ пазируфта шуд. Артабони III аз сарони Арманистон талаб намуд, ки Вононро ба ӯ супоранд. Императори Рум Августиан, ки сар задани ҷанги навро бо Ашкониён намехост, Вононро аз ҳокимии Арманистон маҳрум карда, ба ҳайси гаравгони ифтихорӣ ба Сурия фиристод. Баъдан Вонон ба Киликия бадарға шуда, ҳангоми фирор аз ҷониби муҳофизи худ ба қатл расид. Баъди Вонон Артабони III дар Порт ҳокимиятро ба даст гирифта, солҳои 12-38 м. ҳукмронӣ кардааст.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш