Воҳиди атомии масса

Воҳиди атомии масса (ишораташ в. садаи м.), муродифи далтон (ишораташ Da), муродифи воҳиди карбонӣ — воҳиди ғайрисилсилавии массаи молекула, атом ва зарраҳои бунёдӣ.

Мафҳуми воҳиди атомии массаро соли 1803 Ҷон Далтон ворид кардааст. Воҳиди атомии масса ба тавассути массаи нуклиди карбон С ифода гардида, ба 1/12 ҳиссаи массаи нуклиди мазкур (изотопи устувори карбон) баробар мебошад. 1 В. садаи м. = 1,66043∙10−24 г. То соли 1961 В. м. садаи 1/16 ҳиссаи изотопи устувори оксигенро ифода мекард: 1 В. а м. = 1,65976 10 −24 г = 1,65976 10 – 27 кг буд.

Барои зарраҳои бунёдӣ (электрон, нуклон, мезон ва ғайра) воҳиди масса ба массаи электрон, яъне ба 5,486∙10−4 В. садаи м. ё 9,1091∙10−28 г = 9,1091∙10−31 кг баробар аст. Соли 1997 қимати 1 В. садаи м. = 1,660 540 2(10)·10−27кг = 1,660 540 2(10)·10−24 г муқаррар карда шудааст. 1 В. садаи м.-и бо грамм ифодашуда ба адади баръакси Авогадро баробар мебошад, яъне 1/NA, ки бо мол−1 ифода карда шудааст. Массаи молекулавии унсури мазкур, ки бо грамм бар мол ифода ёфтааст, ба массаи молекулаи ҳамин унсур, ки бо воҳиди атомии масса ифода ёфтааст, баробар мебошад. Азбаски массаи зарраҳои бунёдӣ, одатан, бо электрон–волт ифода меёбад, зариби табдилдиҳандаи байни эВ ва воҳиди атомии масса муҳим аст:

1 В.а. м. = 0,931 494 028(23) ГэВ/c²;

1 ГэВ/c² = 1,073 544 188(27) В.а.м. , ки ин ҷо c ‒ суръати рӯшноист.

В. садаи м-е, ки соли 2006 тавсия шудааст:

1 В.а. м. = 1,660538782(83) х 10−27 кг.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш