Вулусволии Шуғнон
Вулусволии Шиғнон дар нақшаи Бадахшон
Донистаниҳо
Кишвар : Афғонистон Парчами Афғонистон
Вилоят : Бадахшон
Марказ: Баршор
Замони таъсис :
Раиси ноҳия:
Ҷуғрофиёи табиъӣ
Паҳноварӣ : 3528 km2
Шумораи шаҳракҳо : 1
Шумораи Рустоҳо : 28
Мардум
Аҳолӣ (2011) : 27,750 кас
Забони расмӣ : Форсӣ, Пашту
Забонҳои гуфторӣ : Шуғнонӣ
Мазҳаб : ИсломИсмоилӣ
Нишониҳо
Сарвожа : SH
Код ISO : AF.BDS.SH
Пешшумора :
Нишонии почта :
Замон : UTC+4:30
Вебгоҳ :
Шумораи мошинҳо :

Вулусволии Шуғнон (форсӣ: ولسوالی شغنان‎) — яке аз вулусволиҳои вилояти Бадахшон аст ва дар шимолу шарқи Афғонистон ҷой дорад.

Пули «Дӯстӣ» миёни Афғонистон ва Тоҷикистон бар фарози руди Панҷ, ки ду Шуғнонро бо ҳам мепайвандад

Маркази ин вулусволӣ рустои Баршор аст, ки 150 килуметр шимолтар аз шаҳри Файзобод — маркази вилояти Бадахшон ҷой дорад.

Ҷойгоҳ вироиш

Вулусволии Шуғнон аз шимолу шарқ бо рӯди Панҷ маҳдуд шуда ва бо ноҳияҳои Рӯшон ва Шуғнон аз вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаммарз аст ва дар шимол бо вулусволии Дарвози Поин, дар ғарб бо вулусволии Арғанҷхоҳ ва дар ҷануб бо вулусволии Ишкошим ҳамсоя аст. Масоҳати ин вулусволӣ 3125 килуметри мураббаъ аст.

Мардум вироиш

Ҷамъияти вулусволии Шуғнон камубеш 39 000 нафар буда ва дар 19 русто зиндагӣ ба сар мебарад. Бошандагони ин вулусволиро шуғнониён ва рушониён ташкил медиҳанд, ки ба мардуми шарқи-эронии помирӣ тааллуқ доранд ва бештар мардуми Шуғнон ба забони форсӣ ошноӣ доранд. Мардуми ин вулусволӣ шиъамазҳаб ва бештар исмоилӣ ва андаке дувоздаҳимомӣ мебошанд.

Ҷуғрофиёи табиъӣ вироиш

Шуғнон бино бар доштани кӯҳҳои баланд сарзамине бисёр душворгузар аст, бавижа дар зимистон бо резиши барф тақрибан ҳама роҳҳои рафту омад ба ин вулусволӣ банд мешаванд. Тобистон дар ин сарзамин кӯтоҳмуддату нисбатан гарму хушк ва зимистон бисёр сарду дарозмуддат аст.

Деҳаҳо вироиш

  1. Дарморахт
  2. Ғорҷвин
  3. Пастев
  4. Андегъдз
  5. Хъева
  6. Вирудъҷ (Деҳи Мурғон)
  7. Бахъор
  8. Вир
  9. Сарчашма
  10. Дъишор
  11. Хъидвуд
  12. Ниводак
  13. Цахънуд
  14. Руботен
  15. Пагор
  16. Човед
  17. Ёрх
  18. Шайхен
  19. Чоснуд
  20. Тангхъев

Таърих вироиш

Пайнавиштҳо вироиш