Евге́ний Ви́кторович Вуче́тич ((15) 28 декабри 1908, Екатиронослав (ҳоло Днепропетровск), Украина12 апрели 1974, Маскав) — ҳайкалтароши рус, ки дар осори хеш ғояҳои реализми сотсиалистиро пайваста ва васеъ татбиқ кардааст; узви вобастаи АР ИҶШС (1953), ноиби президенти АР ИҶШС (1970–74).

Евгений Вучетич
русӣ: Евгений Викторович Вучетич
Суратҳо
Таърихи таваллуд 15 (28) декабр 1908
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт 12 апрел 1974(1974-04-12)[1][2] (65 сол)
Маҳалли даргузашт
Мамлакат:
Жанр monumental sculpture[d]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома вироиш

Хатмкардаи АР Ленинград (1933). Яке аз устодони мумтози Студияи мусаввирони низомии ба номи М. Греков буд. Дар миёни корҳои ӯ нақшҳои барҷастаи «Ба ту савганд мехӯрем, рафиқ Ленин.» (1949); нимпайкараҳои сарлашкарони шӯравӣ (нимаи дуюми солҳои 1940); ҳайкали Ф. Дзержинский (1958), аллегорияи «Шамшерро ба омоч иваз мекунем» (1957), маҷмааи ёдгории «Бо ёди низомиёни Артиши Шӯравӣ, ки дар набард бо фашизм ҷон додаанд» дар боғи Трептови Берлин (1946–49) ва маҷмаае дар Қӯрғони Мамайи Волгоград (1963–67) маъруфияти бештар доранд.

Ҷоизаҳо вироиш

Дорандаи Мукофоти сталинӣ (1946, 1947, 1948, 1949, 1950) ва Мукофоти ленинӣ (1970). Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1967).

Осор вироиш

  • Художник и жизнь. М., 1963.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Е. В. Вучетич (Альбом). М., 1960;
  • Новая российская энциклопедия. Т. IV (1). М., 2007.

Сарчашма вироиш