Вя́тка (мор.-шарқ. Виче, мор.-ғарб. Вичӹ, удм. Ватка́, тоторӣ: Нократ) — дарё дар Русия, шохоби рости дарёи Кама.

Вятка (дарё)
Ҷараёни об
Сарчашма  
  Координатаҳо 58°26′52″ с. ш. 52°10′38″ в. д.HGЯO
Резишгоҳ  
  Координатаҳо 55°35′27″ с. ш. 51°29′46″ в. д.HGЯO
Мавқеъ
Кишвар Русия
Рӯйхати оби Русия
10010300212111100029744
Рамзи ҳавза 10.01.03.002
Рамзи ТҲ 111102974
Ҷилди ТҲ 11 (нашр 1)[1]
Вятка (дарё) (Русия)
резишгоҳ
— сарчашма, — резишгоҳ
Вятка (дарё)
дар Викианбор

Дарозиаш 1367 км, масоҳати ҳавзааш 129,2 ҳазор км2. Аз баландии Верхнекамск оғоз ёфта, дар водии васеъ ҷорӣ мешавад. Манбааш асосан барф. Сарфи миёнаи солонаи об дар назди шаҳри Киров 376 м3/с, дар поёноб 890 м3/с. Ноябр ях баста, апрел об мешавад. Шохобҳои асосиаш: аз рост — Кобра, Летка, Великая, Молома, Пижма: аз чап — Чепса, Бистритса, Воя, Килмез. Дар Вятка моҳӣ (лаққамоҳӣ, шӯртан, симмоҳӣ ва ғайра) бисёр аст. Вятка то миёнаҳои солҳои 90 садаи XX то шаҳри Киров (700 км), баҳорон то истгоҳи Кирс (зиёда аз 1000 км) киштигард буд, баъд ба сабаби камоб шудан аз рӯйхати роҳҳои магистралӣ бароварда шуд. Дар соҳилҳои Вятка шаҳрҳои Кирово-Чепеск, Киров, Котелнич, Советск, Вятские Поляни воқеанд.

Эзоҳ вироиш

  1. Ресурсы поверхностных вод СССР: Гидрологическая изученность. Т. 11. Средний Урал и Приуралье. Вып. 1. Кама / под ред. В. В. Николаенко. — Л.: Гидрометеоиздат, 1966. — 324 с.

Сарчашма вироиш