Гадоли́ний (лот.нав: Gadolinium), Gd — унсури кимиёӣ аз гурӯҳи III ҷадвали даврии Менделеев; рақами тартибиаш 64, массаи атомиаш 157,26. Мансуби лантаноидҳост.


64
Гадолиний
157,25
4f75d16s2

Таърих вироиш

Кашф вироиш

Гадолинийро соли 1880 кимиёдони швейсарӣ Шарл де Мариняк кашф кардааст.

Номгузорӣ вироиш

Ба шарафи муҳаққиқи унсурҳои нодир Юҳон Гадолин ном ниҳодаанд.

Хосиятҳо вироиш

Физикӣ вироиш

Филиззи душворгудози сафеди нуқрагун; ҳарорати гудозишаш 1312°С, ҳарорати ҷӯшишаш 2800°С, зичиаш 7,89 г/см3. Гадолиний 5,9∙10−4%-и массаи қишри заминро ташкил медиҳад. Дар таркиби минералҳои гадолинит, монатсит, бастензит мавҷуд аст.

Химиявӣ вироиш

152Gd (давраи нимкоҳишаш 1014 сол) изотопи дарозумри гадолиний мебошад. Дар ҳавои намнок бо пардаи оксидӣ пӯшида мешавад. Дараҷаи оксидшавиаш +3. Дар шароити муқаррарӣ бо галогенҳо, вақти гарм кардан бо нитроген, сулфур, фосфор, силитсий ва гидроген вокуниш зоҳир мекунад. Бо филиззот хӯла ба вуҷуд меорад. Гадолиний оби гармро бо ихроҷи гидроген таҷзия менамояд. Хлорид, нитрат ва сулфатҳои гадолиний дар об хуб, карбонат, фосфат, фторид, оксалатҳои он бад ҳал мегарданд. Он дар техникаи ҳастаӣ ҳамчун ҷозиби нейтронҳо истифода мешавад.

Атомӣ вироиш

Изотопҳо вироиш

Дар табиат ҳафт изотопи гадолиний вуҷуд дорад.

Мавҷудият дар табиат вироиш

Гадолиний аз таркиби пӯлод сулфур ва газҳоро хориҷ намуда, хосиятҳои онҳоро беҳ месозад. Гадолиний ва хлориду сулфатҳои он дар таҳияи маводди миқнотисӣ истифода мешаванд. Молибдати гадолиний дар техникаи оптикию электронӣ, селениди он Gd2 Se3 дар таҳияи нимноқилҳо ба кор меравад.

Эзоҳ вироиш

  1. (2016) «Atomic weights of the elements 2013 (IUPAC Technical Report)». Pure and Applied Chemistry 88 (3): 265–91. doi:10.1515/pac-2015-0305.
  2. Yttrium and all lanthanides except Ce, Pm, Eu, Tm, Yb have been observed in the oxidation state 0 in bis(1,3,5-tri-t-butylbenzene) complexes, see Cloke, F. Geoffrey N. (1993). «Zero Oxidation State Compounds of Scandium, Yttrium, and the Lanthanides». Chem. Soc. Rev. 22: 17–24. doi:10.1039/CS9932200017.
  3. Weast, Robert (1984). CRC, Handbook of Chemistry and Physics. Boca Raton, Florida: Chemical Rubber Company Publishing. pp. E110. ISBN 0-8493-0464-4. 

Адабиёт вироиш

Сарчашма вироиш


Пайвандҳо вироиш

 
Логотипи Викилуғат
Викилуғат дорои мақола бо номи «Гадолиний» аст
 
Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад: