Гази Ферми, Ферми-газ — гази иборат аз зарраҳои спинашон нисфӣ, ки ба омори Ферми-Дирак тобеъ мебошад.

Гази Фермие, ки аз зарраҳои таъсири мутақобиланадошта иборат аст, гази Ферми-и идеалӣ ном дорад. Ба гази Ферми электронҳои филиззоту нимноқилҳо, электронҳои атомҳои рақами атомиашон бузург, нуклонҳои ҳастаҳои вазнини атомӣ, газҳои квазизарраҳои спинашон нисфӣ тааллуқ доранд. Дар ҳарорати К гази Фермии идеалӣ ба ҳолати асосии худ соҳиб буда, зарраҳои он тамоми ҳолатҳои квантиро бо энергияе (то ягон энергияи бузургтарин), ки ба зичии газ вобаста аст, пур мекунанд (онро энергияи Ферми — ЕF меноманд), вале ҳолати газ ҳангоми E ˃ EF будан озод мебошад (дигаргуншавии пурраи квантии гази Ферми) Дар ҳарорати Т≠0 К адади миёнаи пуршавии ҳолати квантии гази Фермии идеалиро бо функсияи тақсимоти Ферми шарҳ медиҳанд. Барои Гази Фермии ғайриидеалӣ низ, агарчи зарраҳои он дар ҳолатҳои муайяни квантӣ набошанд ҳам, энергияи ҳудудии Ферми вуҷуд дорад. Дар гази Фермии ғайриидеалии электронҳо дар филиз дар ҳароратҳои хеле паст дар натиҷаи ҷазби электронҳои импулсу спинашон баробар, вале муқобилсамт пайдо шудани ҷуфти электронҳои коррелятсияшуда (эффекти Купер) ва ба ҳолати фавқунноқилӣ гузаштани филиз имконпазир аст. Гази Фермии электронҳо дар атомҳои вазнинро бо модели Томас-Ферми шарҳ медиҳанд.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш