Галатея (юн.-қад. Γαλατεία) — радифи дохилии сайёраи Нептун.

Галатея
Нигора
Вазн 3,7 zettagram[1]
Номида ба шарафи Галатея[d]
Кошиф Stephen P. Synnott[d] ва Вояҷер-2
Таърихи кашф 28 июл 1989
Баданаи аслӣ Нептун
Хуруҷ аз маркази мадорӣ 0
Инҳирофи мадорӣ 0,00091 рад
Периоди гирдзанӣ 0,42874431 Рӯз
Нима-меҳвари калони мадорӣ 61 593 км
Бузургии зуҳурӣ / рушноӣ 21,9
Албедо 0,08
Радиус 88 ± 4 км[2]
Astronomic symbol image
Аломати муваққатӣ S/1989 N 4
 Парвандаҳо дар Викианбор

Аз номи яке аз нереидаҳои асотири Юнони Қадим (худои баҳр, духтарони Нерей ва океанидаи Дорида, ки шакли зоҳириашон ба париҳои дарёии славянӣ шабеҳ аст) гирифта шудааст. Ҳамчун Нептун У1 низ ифода мекунанд. Галатеяро дар асоси 10 акси дар тӯли 5 рӯз фиристодаи дастгоҳи кайҳонии «Вояҷер-2» соли 1989 кашф карда, 16 сентябри 1991 ном гузоштаанд. Галатея шакли ғайрикуравӣ дошта, поинтар аз мадори синхронии наздинептунӣ давр мезанад ва дар натиҷаи ин мадори радиф аз таъсири қувваҳои ҷазру маддӣ торафт поинтар меравад. Бо мурури замон Г. метавонад ба рӯйи Нептун афтад ё аз сабаби васеъшавии мадду ҷазр пора-пора шуда, ҳангоми ба ҳудуди Рош (радиуси мадори даврии радифе, ки гирди ҷирми осмонӣ давр зада, дар он қувваҳои ҷазру маддии дар натиҷаи ҷозибаи ҷисми марказӣ бавуҷудомада ба қувваҳои худҷозиба баробаранд) расидан ҳалқаро ташкил диҳад. Дар Галатея равандҳои геологӣ мушоҳида нашудаанд. Андозаи Галатея 204×184×144 км, радиуси миёнааш 88 ± 4 км, массааш 2,12±0,08•1018 кг, зичии миёнааш 0,75 ± 0,1 г/см³ ва даври гардишаш 0,428744 рӯз аст.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш