Галаҷазираи Қутбии Канада

(Тағйири масир аз Галаҷазираи Қутбии Конодо)

Галаҷазираи Қутбии Канада — яке аз бузургтарин галаҷазираҳои олам дар уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ, дар соҳилҳои шимолии Амрикои Шимолӣ.

Галаҷазираи Қутбии Канада
Нигора
Қитъа Амрикои Шимолӣ
Кишвар
Воҳиди марзию маъмурӣ Nunavut[d]
Минтақаи замонӣ UTC−04:00[d]
Ҷойгир аст дар назди обанбори Уқёнуси яхбастаи шимолӣ
Баландтарин нуқта Barbeau Peak[d]
Баландӣ аз сатҳи баҳр 2 616 м
Масоҳат
  • 550 000 square mile
Тасвири нақшаи мавқеият
 Парвандаҳо дар Викианбор

Як қисми ҳудуди Конодо. Масоҳати умумиаш қариб 1,3 млн км². Аз 36563 ҷазира иборатанд, ки 15-тои онҳо беш аз 10 ҳазор км2 масоҳат доранд. Қисми ҷанубу шарқии галаҷазираҳо дар уқёнуси Атлантик ҷойгиранд. Се ҷазираи бузургтарини он – Замини Баффин (476 ҳазор км²), Элсмир (213 ҳазор км²) ва Виктория (213,8 ҳазор км²) аз ҷиҳати масоҳат ба қатори даҳ ҷазираи бузургтарини олам дохил мешаванд. Ҷазираҳо дар тунукобаи материкӣ ҷойгир буда, онҳоро силсилаи мураккаби халиҷу гулӯгоҳҳо аз ҳам ҷудо кардааст. Релефи қисми шимолу шарқиаш кӯҳӣ, дар шимол баландӣ то 2926 м мерасад (ҷазираи Элсмир); қисми ғарбӣ ва ҷанубу шарқиаш бештар аз пуштакӯҳу ҳамвориҳои теппадор (баландиашон 100–600 м) иборат аст.

Галаҷазираи Қутбии Конодо асосан аз ҷинсҳои қадимии кристаллӣ таркиб ёфтааст. Дар Галаҷазираи Қутбии Конодо конҳои ангиштсанг, мис (ҷазираи Виктория), оҳан (қисми шимолии Замини Баффин), абрақ (дар ҷанубу ғарб), нафту газ (ҷазираҳои Мелвилл, Батерс, Карнуоллис) мавҷуданд. Иқлимаш арктикӣ, дар шимол – баҳрӣ, дар ғарб – континентӣ. Ҳарорати миёнаи январ аз –15°С дар ҷанубу шарқ, то –30°С ғарб, июл – аз +5–6°С дар ҷанубу шарқ, то +9°С дар ғарб. Боришоти солона дар қисми ҷанубу шарқӣ 450 мм, ғарбӣ – 100–150 мм. 155 ҳазор км²-ро ях пӯшидааст; бузургтарин пиряхҳо дар Замини Баффин воқеанд. Қад-қади ҷазираи Элсмир яхҳои шелфӣ кашол ёфтаанд, ки ин барои Арктика ғайримуқаррарист. Гулӯгоҳҳо соле 9–10 моҳ барфпӯшанд. Дар Галаҷазираи Қутбии Конодо 310 намуди рустаниҳои олӣ ба қайд гирифта шудаанд. Қисми шимолии Галаҷазираи Қутбии Конодо (шимолтар аз 730 а. ш.)-ро рустаниҳои биёбонии арктикӣ, қисми ҷанубиашро рустаниҳои тундрагӣ пӯшидаанд. Аз ҳайвонот гавазну рӯбоҳи шимолӣ, хирси сафед ва ширхорҳои обӣ (морж, тюлен, нарвал) шикор мешаванд. Аҳолиаш қариб 14 ҳазор нафар (2014), асосан аз эскимосҳо иборат аст. Аз се ду ҳиссаи аҳолӣ сокинони ҷазираҳои Замини Баффин ва Виктория буда, ба моҳигирӣ, шикори ҳайвоноти баҳрӣ ва хушкӣ машғуланд. Маҳалҳои аҳолинишинаш: Фробишер-Бей, Арктик-Бей, Тангниртанг (ҷазираи Замини Баффин), Резолют-Бей (ҷазираи Корнуоллис), Кембриҷ-Бей (ҷазираи Виктория). Шимолитарин бошишгоҳи ҷаҳон – Алерт (820 301 а. ш., 834 км аз Қутби шимол) дар ҷазираи Элсмир ҷойгир аст. Дар Галаҷазираи Қутбии Конодо пойгоҳҳои радиолокатсионии баҳрӣ ва ҳарбӣ ҷойгир шудаанд. Бисёр ҷазираҳои Галаҷазираи Қутбии Конодо беаҳолианд (ҷазираи Девон бузургтарин ҷазираи беаҳолӣ дар ҷаҳон мебошад.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш