Галера (итол. galea, galera) — киштии белдори пастсаҳни низомӣ бо белҳо ва ду-се сутуни бодбонҳояшон секунҷа ва росткунҷашакл, ки чун ҳаракатовари иловагӣ хидмат мекарданд.

Як мудел аз голлейии ҷангии Молте, ки дар қарни шонздаҳуми мелодӣ истифода мешуд

Таърих вироиш

Асри 7 дар Венетсия пайдо шуда, то нимаи садаи XIX ба ҳайати флоти ҳарбии кишварҳои Аврупо дохил буд. Бартарии асосии галераҳо дар он буд, ки онҳо дар рӯзҳои бешамол низ тез ҳаракат мекарданд. Суръати галера тавассути белзанӣ то 8 узел (1 узел = 1,852 км/соат) мерасид. Дар садаи XII галераҳои белҳояшон дар ду қатор ҷойгирифта пайдо шуданд. Дар садаи XIII дар галера белкашҳо (заврақронҳо)-ро дар як қатор ва белҳоро гурӯҳ-гурӯҳ ҷойгир мекарданд. Галераҳое, ки онҳоро гурӯҳҳои аз се белкаш иборат, идора мекарданд, триера ном доштанд. Дарозии галера то 60 м, бараш то 7,5 м, савияи ба об ғӯтиданаш то 2 м мерасид. Киштӣ аз 16 то 32 бели дарозии ҳар кадом то 15 м дошт. Ҳар як белро 5-7 нафар ба ҳаракат меоварданд. Аслиҳаи асосии галера то нимаи садаи XVI таранҳои рӯйиобӣ, мошинаҳои тирпарто, арбалетҳо, дертар тӯпҳо буданд. Ҳайати низомии галера якҷо бо аскарон то 450 нафарро ташкил медод. Гурӯҳи белкашҳо аз ғуломон, бадарғашудагон ва ихтиёриён иборат буд.

Дар нимаи садаи XVI дарозии галераҳои тиҷоратӣ 48 м ва барашон 10 м буд. Галераҳои Малта, ки дар Юнон ва Туркия истифода мешуданд, беш аз 50 м дарозӣ ва қариб 11 м паҳно доштанд. Дар нимаи садаи XVIII флотҳои галерадор аз байн рафтанд ва галераҳоро ҳамчун зиндонҳои шинокунанда истифода мебурданд. Дар Русия галераҳо дар замони подшоҳии Пётри I пайдо гардида, дар ҷангҳои зидди Шветсия истифода бурда шудаанд.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш