Гармхунҳо, ҳайвоноти гомойотермӣ — ҳайвоноте, ки ҳарорати бадани онҳо доимӣ ва устувор буда, аз таъсири муҳит тағйир намеёбад.

Гармхунҳо
Муқобили сардхунҳо

Ба гармхунҳо парандаҳо ва ширхӯрон мансубанд. Гармхунӣ дар таҳаввулоти ҳайвонот бинобар ба чаҳор ҳуҷра тақсим шудани дил, ки садди ба хуни шараёнӣ омезиш ёфтани хуни варидӣ мегардад, ба вуҷуд омадааст. Ҳамзамон бо ин дар андомгони ҷонварони гармхун дар раванди таҳаввулот василаҳои танзими ҳарорат — муҳофизат аз хунукӣ (пару бол, пашми ғафс, қабати чарбу) ва тафсидани бадан (ғадудҳои арақ) ташаккул ёфтанд. Дар баробари ин мубодилаи моддаҳо тақвият ёфта, истеъмоли ғизо хеле афзуд (хусусан зимистон). Ҳарорати бадани парандагон 41-42°С аст. Ҳарорати бадани ширхӯрон нисбатан пасттар мебошад, мас., харгӯш — 39,6°С, хукчаи баҳрӣ — 38,6°С, буз — 39,6°С, гӯсфанд — 39,3°С, саг — 38,7°С, гурба — 38,9°С, асп — 37,7°С, маймун — 38,3°С, одам — 37°С. Тағйири шаборӯзии ҳарорати бадани ширхорҳо тақр. 1°С, баъзе парандаҳо, мас., дурроҷ 4°С аст. Навзодҳои ҷонварон ҳарорати баданро якзайл нигоҳ дошта наметавонанд. Чунончи, ҳарорати бадани бачаи навзоди ехидна (мансуби ширхорҳои сода аст), ки 37°С аст, ҳангоми аз 40°С ба 4-8°С баробар шудани ҳарорати муҳит якбора 10°С паст мефарояд (27°С). Баъзе ҳайвоноти гармхун (хорпушт, хаффош) зимистон хоб мераванд ва ҳарорати бадани онҳо вобаста ба ҳарорати муҳит тағйир меёбад. Гармхунӣ барои дар ҳама гуна манотиқи табиӣ — хунук, муътадил ва гармсер зиндагӣ кардани ҳайвонот шароити мусоид фароҳам меоварад.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш