Гармчашма (чашма, н. Ванҷ)

Гармчашмачашмаи оби минерали гармоб дар ноҳияи Ванҷ.

Дар соҳили чапи дарёи Ванҷ, 50 км шарқтар аз маркази ноҳия воқеъ аст. Баландиаш аз с. б. 2400 м. Оби чашма ба воситаи шаш пармачоҳ мебарояд, ки панҷтояш 500 м дуртар аз роҳи мошингард воқеъ гардидаанд; дебети умумиашон 20 л/с. Пармачоҳи шашум дар сари роҳи мошингард ҷой гирифтааст; дебеташ зиёда аз 10 л/с (оби он ба дарёи Ванҷ мерезад). Мавзеи Г. ба шибарзамин табдил ёфтааст. Ҳарорати обаш +21°С; минералнокии умумиаш – 1,9 г/л. Таркиби оби чашма аз катионҳои натрий (267 мг/л), калсий (189 мг/л), магний (61,0 мг/л), калий (16,0 мг/л), анионҳои сулфат (683 мг/л), хлоридҳо (281мг/л), ҳидрокарбонатҳо (268 мг/л), кислотаи силитсий (27,0 мг/л), ҳамчунин оҳан, никел, фтор, бром, марги муш, руҳ ва сезий иборат аст. Оби чашма радон (2,8 нКи/л) низ дорад. Унсури асосии шифобахши чашма оби карбонати дорои сулфатҳо, хлоридҳо, натрий ва калсий мебошад. Оби Г. барои муолиҷаи холесистит, гепатит, илтиҳоби музмини меъда ва фарбеҳӣ муфид аст.

Нигаред низ вироиш

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Бобоходжаев И. Я., Давлатмамадов Ш. М. Лечебные минеральные источники Памира. Д., 1994.

Сарчашма вироиш