Гарсеваз (форсӣ: گرسیوز‎) — яке аз персонажҳои осори адабиёти авестоӣ, паҳлавӣ-форсии миёна ва «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ.

Гарсеваз
Нигора
Бародар/хоҳар Афросиёб
Ишорашуда дар китоби Шоҳнома

Дар Авесто (бахши «Яштҳо») ба шакли Кэрэсавада омадааст (маънияш: «кампойдор, камдавом, лоғар»). Дар Авесто ба пайванду хешии Афросиёбу Гарсеваз ишорае нашудааст. Ҳар дуи онҳо гунаҳкор, зиёнкор, бадандешанд, ки Кайхусрав — шоҳи Эрон ба интиқоми падараш — Сиёвуш онҳоро ба қатл мерасонад. Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ Гарсеваз бародари Афросиёб аст. Ӯ чун симои шахси ҳосид, кинаҷӯй, дурӯя тасвир шудааст. Равнақу пешрафти кори Сиёвуш, ободии Гангдижро дида, аз бухлу ҳасад дар назди Афросиёб Сиёвушро туҳмату сиёҳ мекунад ва Афросиёбро ба муқобили ӯ мешӯронад. Дар назди Сиёвуш ӯ аз Афросиёб бадгӯӣ мекунад ва Сиёвушро нисбат ба Афросиёб бадгумон сохтан мехоҳад. Бо фармони Гарсеваз яке аз лашкариёни Афросиёб — Гурӯй Сиёвушро ба қатл мерасонад. Дар симои Гарсеваз Фирдавсӣ шахси ҳасадпешаву нотавонбин, ситезакору ҷангҷӯйро тасвир кардааст. Гарсеваз дар хорию зорӣ ба фармони Кайхусрав дар назди сипоҳ кушта шуд:

Ба Гарсеваз омад зи кори ниё,
Ду рух зарду як дил пур аз кимиё.
Кашидандаш аз пеши дижхим хор
Ба банди гарону ба бад рӯзгор.
Або рӯзбонону мардумкушон,
Чунон чун бувад мардуми баднишон,
Шаҳаншоҳи Эрон забон баркушод
В-аз он ташту ханҷар ҳаме кард ёд.
Ба дижхим фармуд, то теғи тез
Кашида биёмад диле пурситез,
Миёни сипаҳбад ба ду ним кард,
Сипаҳро ҳаме дил пур аз бим кард.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. Ҷилдҳои 3-5, Д., 1988—1989;
  • Авесто Д., 2001;
  • حسین شهیدی مازندرانی (بیژن). فرهنگ شاهنامۀ. نام کسان وجایها. تهران، 13۷۷ ش.ر

Сарчашма вироиш