Гастродуоденит — (лот. gastroduodenitis; юн.-қад. γαστήρ меъда + duodenum рӯдаи дувоздаҳангушта + -ит — илтиҳоб) — бемории роҳҳои меъдаву рӯда, ки ҳангоми он ду узви асосии гувориш – меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта илтиҳоб пайдо мекунанд.

Гастродуоденит
ИхтисосПизишкии гувориш Edit this on Wikidata
Гастродуоденит
МКБ-10 Шаблон:МКБ10
eMedicine / 

Гастродуоденит аз газаки луобпардаи меъда (гастрит) шурӯъ шуда, тадриҷан ба рӯдаи дувоздаҳангушта (дуоденит) паҳн мегардад. Гастродуоденит шадид ва музмин мешавад. Ҳангоми гастродуоденит-и шадид дард аҳён-аҳён хурӯҷ карда, бемор онро қариб ҳис намекунад. Дар ҳолати гастродуоденит-и музмин дарди чанголзанандаи даврӣ падид омада, боиси ихтилоли фаъолияти луобпардаи меъда мегардад. Пайдоиши гастродуоденит ба омилҳои берунӣ (экзогенӣ) ва дохилӣ (эндогенӣ) вобаста аст. Ба омилҳои берунӣ истеъмоли осемасару номураттаби ғизо, хӯрокҳои тунду серравған ё хушк, машруботи спиртӣ, тамокукашӣ, изтироби рӯҳӣ, афсурдарӯҳӣ, таъсири моддаҳои кимиёӣ ва ғ. мансубанд. Барзиёд ҳосил шудани туршӣ, кам ба вуҷуд омадани луоб (шира), халал ёфтани кори ғадудҳои дарунрез (эндокринӣ), бемориҳои талхароҳа ва ҷигар аз ҷумлаи омилҳои дохилзоди гастродуоденит мебошанд. Ба меъдаву рӯда роҳ ёфтани ҳеликобактерия (Helicobacter pylori) низ мӯҷиби пайдоиши гастродуоденит мешавад. Бино ба ақидаи мутахассисон 60 дарсади аҳолии рӯйи Замин аз бактерияи мазкур сироят ёфтааст. Он бо роҳи бӯсидан, истифодаи ашёи рӯзгор ва воситаҳои беҳдошт ба андомгон (организм) ворид мешавад. Аломатҳои асосии гастродуоденит дарди хурӯҷвори шикам, харобӣ, камиштиҳоӣ, бехобӣ, ҳалолати норанҷӣ пайдо кардани рӯйи забон, тез задани дил, оруғ, ҳисси гаронӣ дар сари меъда ва ғ. мебошанд. Азбаски чунин аломатро дигар бемориҳои аъзои ҳозима низ доранд, ташхиси гастродуоденит душвор аст. Барои муқаррар кардани гастродуоденит аз усулҳои эндоскопӣ, ҳистологӣ, манометрӣ, ултрасадоӣ ва ғ. истифода менамоянд. Барои пешгирӣ ва муолиҷаи гастродуоденит риояи парҳез, ҳаёти солим, иҷрои машқҳои шифоӣ ва ғ. муҳим аст.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Фирсова Л. Д., Машарова А. А., Бордин Д. С., Янова О. Б. Заболевания желудка и двенадцатиперстной кишки. М., 2011.

Сарчашма вироиш