Гастростоми́я (от юн.-қад. γαστήρ — меъда ва στóμα — даҳон, сурох) — як навъ амалиёти ҷарроҳӣ, ки ҳангоми он меъдаро аз девораи пеши шикам сӯрох карда, ба бемор ғизо медиҳанд.

Гастростома

Гастростомия ҳангоми бемории саратон ё сӯхтагӣ, ки ғизо аз сурхрӯда намегузарад, амалӣ мешавад. Гастростомияро соли 1837 ҷарроҳи норвегӣ К. Эгемберг пешниҳод кардааст. Соли 1842 профессор рус В. А. Басов онро дар саг таҷриба кард. 13 ноябри 1849 ҷарроҳи фаронсавӣ Седилло (Sedillot) гастростомияро дар одам роҳандозӣ кард. Феълан зиёда аз 100 тарзу усули гастростомия вуҷуд дорад, вале асосан ду шакли он — усулҳои Витсеп ва Кадер истифода мешаванд. Вақти Гастростомия ба девораи меъда найчаи резинӣ ё силиконӣ дӯхта, як нӯги онро ба даруни меъда медароранд ва нӯги дигарашро аз ҷойи буридаи девораи шикам берун меоранд. Рӯзҳои аввал барои аз сӯрох набаромадани найча он бо тасма ё лейкопластир устувор карда мешавад. Ба бемор баъди ду рӯзи ҷарроҳӣ ғизо медиҳанд. Бо ин мақсад ба нӯги найча қиф гузошта, ба он баъди ҳар 2-3 соат 100—150 мл ғизои обакӣ мерезанд. Ба беморони беҳолу табоҳгашта ҳамон замон баъди гастростомия метавон омехтаю маҳлулҳои ғизоиро қатра-қатра (75-100 қатра/дақ.) фиристод. Баъди 5-7 шаборӯз миқдори ғизои рақиқ ё шавламонандро то 400—500 мл (рӯзе 4-5 бор) мерасонанд. Баъди анҷоми тағзия қифро мегиранд, найчаро дуқат карда мебанданд. Ҳангоми чиркин шудани найча онро шустан мумкин аст. Дар ҳолати беҷо шудааш найчаро тоза карда, дар об меҷӯшонанд ва равғани вазелин ё ванилин молида боэҳтиёт ба сӯрохи меъда (5-6 см) равон месозанд. Ба пӯсти атрофи сӯрох марҳами руҳ молида мешавад.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Черноусов А. Ф., Богопольский П. М., Курбанов Ф. С. Хирургия пищевода; Руководство для врачей. М., 2000;
  • Топографическая анатомия и оперативная хирургия. М., 2007

Сарчашма вироиш