Га́струла (лот.нав: gastrula, аз юн.-қад. γαστήρ — меъда, батн) — яке аз давраҳои рушди ҷанинии мавҷудоти серҳуҷайра.

Дар давраи гаструла ҷанин девораи дуқабата (берунӣ — эктодерма, дохилӣ — эндодерма) ва ҷавф (гастротсел) дорад, ки ба тавассути сӯрохӣ — бластопор ба муҳити беруна алоқаманд аст. Сараввал ба таркиби энтодерма ва гоҳе эктодерма маводди баргаки васатӣ — мезодерма низ дохил мешавад. Дар интиҳои гаструлятсия мезодерма ба қабати мустақил ҷудо гашта, девораи ҷанин аз дуқабата ба сеқабата табдил меёбад. Гузариш аз бластула ба гаструла дар ҳайвонот ба тарзи гуногун сурат мегирад. Дар давраи гаструла дар баргакҳои ҷанинӣ баъзе дигаргуниҳо падид меоянд. Ҷанини бисёр ҳайвонот давраи гаструларо дар тухмпарда ё ҷисми модар паси сар мекунад; гаструлаи баъзе ҳидраҳо кирмина буда, ҳаёти озод ба сар мебарад. Баъзан аломатҳои нисбатан умумӣ низ аз ҳамдигар фарқ мекунанд, мас., гаструлаи моҳиҳои устухондор гастротсел ва гаструла-и баъзе рӯдаковокҳо бластопора надорад. Мавҷудияти давраи гаструла-ро дар рушди ҳамаи мавҷудоти серҳуҷайра олимони рус А. О. Ковалевский ва И. И. Мечников кашф карда, бо ҳамин ягонагии пайдоиши ҳайвонотро исбот намудаанд.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш