Гешталтпсихология (аз олмонӣ: Gestalt — образ, сохтор ва психология) — яке аз ҷараёнҳои муҳимми давраи буҳрони шадиди равоншиносии буржуазӣ, ки солҳои 1910−1930 дар Олмон пайдо шудааст.

Асосгузорони он М. Вертҳеймер, В. Кёлер, К. Коффка, К. Левин буданд. Гешталтпсихология равандҳои маърифатиеро (ҳамчун идрок, таваҷҷуҳ, тафаккур), ки нуқтаи назари мукаммалӣ ё умумиятро аз рӯи принсипҳои мушаххаскардаи яке аз поягузорони он — гешталтпсихология М. Вертҳеймер меомӯзанд, дар маркази таваҷҷуҳи хеш қарор медиҳад. Ба гуфтаи Вертҳеймер: «Ҳастии мураккабе вуҷуд дорад, ки хосиятҳои умумии онро тавассути хосияти ҷузъу пайвандҳои он ҳастӣ мушаххас кардан нашояд, аммо, баръакс, вақти зуҳури тағйироте дар ягон қисмати маҷмааи умумӣ онро тавассути қавонини сохторҳои дохилии маҷмааи умумӣ мешавад ташхис дод». Гешталтпсихология бархилофи ақидаҳои маъмул, ки моҳияти шуурро дар унсурҳои таркибии он (эҳсос, ассотсиатсияҳо) ҷустуҷӯ мекарданд, афзалиятро дар сохтори яклухт дида, унсурҳои таркибии шуурро аз фаъолияти сохтори том (гешталт) вобаста медонист. Гешталтпсихология ҳамаи зуҳуроти равонии ҳаётро «мутаассироти том» ё «сохторҳое» (гешталтҳо) медонад, ки на аз таъсири ҳодисоти берунӣ, балки аз таъсири кадом як қувваи ботинӣ ба амал меомадааст. Ғояҳои гешталтпсихология ва далелҳои бадастовардаи он агарчи ба инкишофи дониш дар бораи равандҳои равонӣ (пеш аз ҳама таҳияи категорияи образи равонӣ, инчунин тасдиқи муносибати силсилавӣ) мусоидат намуданд, вале методологияи идеалистии он, ки ба хориқа мерасонд, ба таҳлили илмӣ ва сабабии ин равандҳо монеъ мешуд. «Гешталтҳо»-и равонӣ ва ташаккули онҳо ҳамчун хосияти шуури фардӣ шарҳ дода мешуданд. Пас аз омадани фашистҳо ба сари қудрат гешталтпсихология ҳамчун мактаби илмӣ аз фаъолият бозмонд, зеро аксари аъзои он ночор ватанро тарк карданд. Ақидаҳои гешталтӣ дар замони муосир низ фаъол буда, зуҳуроти равониро аз ин нуқтаи назар шарҳ медиҳанд. Яке аз пайравони ин ақида Марголис дар миёнаи солҳои 80 асри 20 таълимоти фалсафиро бо номи материализми эмерҷентӣ ба вуҷуд овард. Мувофиқи ин таълимот шуур чун хосияти силсилави (эмерҷенти)-и равандҳои дар мағз ҷараёнгиранда баррасӣ мешаванд, ки бо ин ҷараёнҳо робитаи зич ва мураккаб дорад. Баъзе принсипҳои гешталтпсихология-ро Ф. Перлз дар бунёди консепсияи маъруфи психотерапевтии хеш, бо номи гешталтерапия самарабахш истифода бурдааст.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Хрестоматия по истории психологии. М., 1980;
  • Петровский А. В. Вопросы теории и истории психологии. М., 1984;
  • Краткий психологический словарь. М., 1984;
  • Вертгеймер М. Продуктивное мышление. М., 1987;
  • Ярошевский М. гешталтпсихология История психологии. М., 2000;
  • Словарь по истории психологии. М., 2007.

Сарчашма вироиш