Глюкагонҳормони ғадуди зери меъда; дар α-ҳуҷайраҳои ҷазирачаҳои Лангерҳанс ҳосил мешавад.

Муқаррар шудааст, ки глюкагонро ҳуҷайраҳои махсуси луобпардаи рӯдаи дувоздаҳангушта ва меъда низ ҷудо мекунанд. Глюкагон фаъолияти ферменти фосфорилазаро зиёд намуда, ба таҷзияи гликогени ҷигар тақвият мебахшад ва миқдори қандро дар хун меафзояд (дар натиҷа бемории гипергликемия падид меояд). Глюкагон полипептид буда, аз 29 боқимондаи аминокислота иборат аст. Глюкагонро биохимики амрикоӣ В. Бромер соли 1956 дар шакли кристаллӣ ҳосил кардааст. Ҳангоми бемории диабети қанд миқдори глюкагон дар хун меафзояд. Норасоии глюкагон боиси хурӯҷи ногаҳонии гипогликемия (хосса дар атфол) мешавад. Миқдори баҳинҷори глюкагон дар хун 0,5-6 нг/мл аст. Глюкагон дар хун зуд таҷзия мешавад. Дар таркиби доруи инсулин 5-10 % глюкагон вуҷуд дорад.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш