Гонадаҳо (аз юн. gone – тавлидкунанда, gonao – тавлид мекунам), ғадудҳои ҷинсӣ - аъзои одаму ҳайвонот, ки ҳуҷайраҳои ҷинсӣ (тухм ва нутфа) ҳосил мекунанд.

Гонадаҳо нарина – нутфадон, модина – тухмдон ва омехта – хунсо (гермафродит; мас., шуллук, баъзе ҳашароти буғумдор, нармбаданҳои шикампой ва ғ.) мешаванд. Г. дар ҷанини ҳайвоноти муҳрадор дар ду паҳлуи масориқаи тахтапушт дар шакли чинҳои ҷинсӣ падид меоянд. Дар чинҳои ҷинсӣ ҳуҷайраҳои аввалини таносулӣ ҷойгузин шуда, аз мезонефрос танобаки ҳуҷайраҳои мезенхимавӣ ташаккул меёбад. Эпителияи Г. шакли устувонаро гирифта, ҳуҷайраҳои он ба ҳуҷайраҳои ҷинсӣ мубаддал мешаванд. Чинҳои ҷинсӣ дар моҳиҳо ба дарозии ҷавфи бадан ҳосил шуда, пурра ба Г. табдил меёбанд. Чинҳои ҷинсӣ дар обхокиҳо низ ҳамин тавр сурат мегиранд, вале фақат қисми васатии онҳо ба Г. мубаддал мешавад. Дар хазандаҳо, парандаҳо ва ширхорҳо чинҳои ҷинсӣ танҳо дар сатҳи паҳлуии қисми пеши мезонефрос, ки рӯ ҷониби масориқа дорад, ба вуҷуд меоянд. Ҳуҷайраҳои ҷинсӣ дар Г. меафзоянд, рушд меёбанд ва ба воя мерасанд. Рушди ҳуҷайраҳои ҷинсӣ дар Г. зери таъсири ҳормонҳои гонадотропии ҳипофиз ва кумаки ҳуҷайраҳои махсуси тағзиявӣ ба вуқӯъ мепайвандад. Дар ҷараёни рушди Г. ҷинс давраи тақсимотро паси сар карда, ба нарина ва модина ҷудо мешавад. Тухмдонҳо асосан аз қишр ва хоя (нутфадон) аз мағзи Г. ташаккул меёбанд. Шакли тухмдони ҳайвонот гуногун аст, мас., дар лӯндакирмҳо ва ҳашарот – найчашакл, дар парандаҳо – хӯшамонанд, дар ширхорҳо – мудаввар ва ғ. Дар ҳайвоноти дараҷаи олӣ Г. ҳамчунин ғадуди тарашшӯҳи дохилӣ буда, ба хун ҳормони ҷинсӣ хориҷ мекунанд. Нигар низ Узвҳои таносул.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш