Гравито́н — зарраи бунёдии хаёлии бемасса (квант)-и майдони ҷозиба, ки бо суръати рӯшноӣ ҳаракат карда, ба таъсири мутақобилаи ҷозибавӣ мусоидат менамояд. Гравитон барқа (заряд)-и электрӣ надорад. Ишорааш G. Бояд спини 2 ва ду самти имконпазири қутбнокшавӣ дошта бошад. Фарзияи мавҷудияти гравитонҳо ба туфайли рушди назарияи квантии майдон ба миён омад. Мафҳуми «гравитон»-ро, ки солҳои 30 асри 20 пешниҳод шудааст, аксар ба осори илмии олимони соҳаи физикаи зарраҳои бунёдӣ Д. И. Блохинсев ва Ф. М. Галперин мансуб медонанд.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш