Гран (лот. granumдон, гард, зарра) — воҳиди қадимии ченкунии масса дар асоси вазни донаи миёнаи ҷав. Дар Русия то ҷорӣ шудани системаи метрии во­ҳидҳо дар соҳаи дорусозӣ истифода мегардид. 1 гран ба 62,2 мг баробар аст. Дар системаи англисии воҳидҳо 1 грани тиҷоратӣ, дору­созӣ ва тройӣ (барои баркашидани филиззоти гаронарзиш) 64,8 мг-ро ташкил медиҳад. Дар ИМА ва Британияи Кабир то ҳол грани тройиро (ишораташ gr) дар соҳаи ҳарбӣ барои чен кардани вазни тиру зарядҳои борутдор истифода ме­баранд. Бо гран баъзан вояи доруро низ ишора мекунанд.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш