Граф, графи́ня (олмонӣ: Graf) — яке аз унвонҳои расмии асримиёнагӣ дар Аврупои Ғарбӣ.

Граф
 Парвандаҳо дар Викианбор

Унвони граф дар империяи Рум пайдо шуда (асри 4), дар ибтидо ба амалдорони олимақом (мас., сархазинадор) дода мешуд. Мақоми граф дар силсилаи мартабаҳои асримиёнагии Аврупо пас аз унвонҳои герсог, маркиз ва болотар аз виконт ва барон қарор дошт. Дар давлати Франкҳо, аз нимаи дуввуми асри 6 граф (гауграф) дар музофот-графӣ (олм. Gau — ҷамоаи деҳқонии олмониҳои қадим, ки шумораи аъзои он аз 100 нафар иборат буд) салоҳиятҳои ҳокимияти судӣ, маъмурӣ ва ҳарбиро соҳиб гардид. Бо қарори Карли II (877) унвон ва ҳокимияти графӣ меросӣ гашт. Дар Аврупои асримиёнагӣ граф соҳибмансаби олимақоме буд, ки сиёсати шоҳро дар ҳудуди графӣ дастгирӣ ва амалӣ мекард. Дар «Ҳақиқати саликӣ» вазифаи граф ҳамчун нозир нишон дода шудааст. Дар давраи ҳукмронии сулолаи Меровингҳо шоҳ графро аз доираи ходимони наздики худ таъйин мекард. Бар ивази хидмат ба граф замин дода мешуд. Дар давраҳои заъифии ҳокимияти марказӣ графҳо дар мулкҳои худ соҳибихтиёр мегардиданд. Дар замони ҳокимияти Карли Кабир унвони граф дар тамоми империяи франкҳо паҳн шуда, меросӣ гардид. Танҳо суд метавонист ин унвонро мансух созад.

Дар Русия унвони граф аз тарафи император Пётри I ҷорӣ гашта, бори аввал онро граф И. Головкин (16.2.1710) соҳиб гардид. Дар империяи Русия 120 сулола ба унвони граф сазовор гардидаанд; 110 хонадони хориҷӣ унвонҳои графии худро бо тасдиқи императори Русия расмӣ гардониданд; 20 сулолаи рус аз ҷониби давлатҳои хориҷӣ ба унвони граф (бо тасдиқи расмии императори Русия) сарфароз шуданд. Аз ибтидои асри 18 императорони Империяи Руми муқаддас унвони графро ба дворянҳои рус (аввалин маротиба соли 1701 ба Ф. А. Головин) тақдим карданд. Унвони граф бо Декрети Кумитаи Иҷроияи Марказии УмумиРусиягӣ ва ШКХ-и Ҷумҳурии Шӯравии Федеративии Сотсиалистии Русия (11 ноябри 1917) барҳам дода шуд.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш