Устодбузурги шатранҷ

(Тағйири масир аз Гроссмейстер)

Устодбузург (форсӣ: استادبزرگ‎), гроссмейстер (олмонӣ: Großmeister «устоди бузург») — унвони олии фахрии варзишӣ, ки аз ҷониби ФИДЕ (Федератсияи байналхалқии шоҳмот) ба шоҳмотбозон ва шашкабозони бисёр қавӣ дода мешавад.

Вожаи гроссмейстер бори нахуст соли 1838 дар матбуоти Ғарб пайдо шуда, соли 1907 дар мусобиқаҳои ҷаҳонии шоҳмот дар Олмон ба ғолибони он дода шуд. Соли 1914 император Николайи II унвони гроссмейстер ро ба ширкаткунандагони мусобиқаи Санк-Петербург рас-ман тақдим кард. Ҳамчунин федератсияҳои гуногуни шоҳмот дар кишварҳои мухталиф (монанди ИҶШС, Маҷористон) аз ин вожа борҳо истифода кардаанд. Федератсияи умумиҷаҳонии шашка соли 1948 дар шашка унвони гроссмейстер ро ҷорӣ кард. Соли 1949 ФИДЕ унвони гроссмейстери байналмилалиро таъсис намуд. Соли 1950 ФИДЕ 27 бозигарро расман ба унвони гроссмейстер муаррифӣ намуда, соли 1953 бори нахуст шартҳо ва қонунҳоеро пешкаш кард, ки дар асоси он унвони мазбур ба афрод тақдим мешуд. Соли 1953 унвони гроссмейстери Федератсияи байналмилалии шоҳмоти мукотибаӣ ва соли 1972 гроссмейстери байналмилалӣ оид ба композитсияи шоҳмот низ таъсис дода шуд. Аз байни занони шоҳмотбоз нахустин бор соли 1978 бо тасмими хосси ФИДЕ Нона Гаприндашвили (аз Гурҷистон) ба унвони гроссмейстер ноил шуд. Ҷудит Полгар (аз Маҷористон) соли 1991 дар мусобиқаҳои ҷаҳонии шоҳмот байни занон ғолиб омада, соҳиби ин унвон гардид. Аз соли 2000 то кунун маъмулан шоҳмотбозоне, ки дар рейтинги ҷаҳонӣ миёни занон даҳ ҷойи аввалро ишғол кардаанд, соҳиби унвони гроссмейстер шудаанд. Имрӯз касеро гроссмейстер мегӯянд, ки рейтинги ӯ дасткам ба 2500 расида ва дар ду мусобиқаи байналмилалии таҳти шароити хос (ҳузури гроссмейстер они дигар, шумораи мусобиқаҳо, ҳадди миёнаи рейтинги ширкаткунандагон ва ғ.) ширкат намуда, натиҷаи матлубро ба даст оварда бошад. Ин унвон ҳамчунин ба қаҳрамони мусобиқаҳои ҷаҳонии шоҳмот байни ҷавонон (зери 20 сол), мусобиқаҳои ҷаҳонии шоҳмот байни занон, мусобиқаҳои собиқадорони шоҳмоти ҷаҳон ва 16 нафари аввали Ҷоми ҷаҳонии шоҳмот, дар сурате ки пеш аз ин соҳиби унвони гроссмейстер нагашта бошанд, дода мешавад.

Алоуддин Алии Шатранҷиро (асри 14) аз нахустин гроссмейстерҳои тоҷикон номидан мумкин аст. Ӯ дар қаламрави империяи Темури Курагон ҳарифи ҳамтое надоштааст ва асаре пиромуни шатранҷ низ навиштааст. Имрӯз дар Тоҷикистон Фаррух Амонатов ин мартабаро дорад ва дар мусобиқаҳои байналмилалӣ бо комёбӣ ҳунарнамоӣ мекунад.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Шахматы. Энциклопедический словарь. М., 1990.
  • Новая российская энциклопедия. Т.V(1). М., 2008.