Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ (зод. 1 январи 1966, деҳаи Ҳусейншайх, ноҳияи Данғара) — ҷарроҳ, доктори илмҳои тиб (2007), профессор (2008).

Маҳмадшоҳ Гулзода
Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ Гулзода
Таърихи таваллуд 1 январ 1966(1966-01-01) (58 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Данғара, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ тиб
Ҷойҳои кор Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои тиб
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино

Зиндагинома вироиш

Маҳмадшоҳ Гулзода баъд аз хатми факултети тиббии Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (1989) аз рӯйи ихтисоси ҷарроҳ ҳамчун духтур-интерн (1989—1990) фаъолият намуда, сипас дар шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи вилоятии № 2 дар ш. Кулоб кор кардааст (1990—1993).

Маҳмадшоҳ Гулзода пас аз хатми ординатураи клиникӣ дар кафедраи ҷарроҳии умумии № 2 -и ДДТТ (1993—1995) фаъолият намуда, сипас ҳамчун мудири кафедраи ҷарроҳии умумии БКШ № 5 ва ҳамзамон чун ассистенти кафедраи ҷарроҳии умумии № 1-и ДДТТ (1995—1998) ва дотсент (2003—2008) фаолият намудааст.

Соли 2000 Маҳмадшоҳ Гулзода дар мавзӯи «Асоснок намудани усулҳои ҷарроҳии узвҳифзкунандаи захмҳои баъдипиёзакӣ, ки ба дуоденостеноз табдил ёфтаанд» бомуваффақият рисолаи номзадии худро ҳимоя намуд. Соли 2007 дар Академияи тиббии таълими пасаздипломии ш. Санкт-Петербург дар мавзӯи «Ташхиси комплексӣ, пешгирӣ ва табобати оризаҳои бармаҳали ҷарроҳии меъда бинобар захми вазнини рӯдаи дувоздаҳангушта» рисолаи докторӣ ҳимоя намуд.

Маҳмадшоҳ Гулзода аз соли 2008 профессори кафедраи ҷарроҳии умумии № 1-и ДДТТ мебошад ва солҳои 2005—2009 декани факултети тиббӣ буд. Маҳмадшоҳ Гулзода аз сентябри соли 2009 дар вазифаи ноиби ректор оид ба корҳои илм ва табъу нашри ДДТТ кор кардааст.

Аз 25 феврали соли 2016 Маҳмадшоҳ Гулзода ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино мебошад, ҳамчунин сармуҳаррири маҷаллаи илмии «Вестник Авиценны» («Паёми Сино») ва рӯзномаи «Ворисони Сино» мебошад.

Фаъолияти илмӣ вироиш

Фаъолияти ин олими пурсамар чун олим ва табиб ба масъалаҳои ҷарроҳии абдоминалӣ бахшида шудааст. Маҳмадшоҳ Гулзода муаллифи зиёда аз 300 корҳои илмӣ, 3 монография, 6 тавсияи таълимию методӣ, 30 пешниҳоди ратсионализаторӣ ва 4 ихтироот мебошад. Индекс Хирша — 4. Таълифоти илмии профессор Маҳмадшоҳ Гулзода ғайр аз нашрияҳои ҷумҳурӣ инчунин дар нашрияҳои бонуфузи Россия, Украина, Белоруссия ва Узбекистан нашр шудаанд.

Маҳмадшоҳ Гулзода узви Ассотсиатсияи гепатоҷарроҳони Россия ва ИДМ (1998), аъзои Ассотсиатсияи ҷарроҳони ба номи Н. И. Пирогов (1998) мебошад.[1]

Аз 17 апрели соли 2020 — узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VI мебошад.[2]

Осор вироиш

  • Ультраструктурные изменения клеток желудка больных при стенозе двенадцатиперстной кишки.//Вестник биология и медицины. Полтава. Харьков. 1998;
  • Профилактика несостоятельности швов культы двенадцатиперстной кишки после резекции желудка.//Вестник Авиценны. Д., № 1, 2000;
  • Оптимизация хирургического лечения хронического панкреатита при пенетрирующей дуоденальной язве//Аналы хирургической гепатологии. Т. 8, № 2. М., 2003;
  • Абдоминальный компартмент синдром. Д., 2005;
  • Профилактика и лечение ранних хирургических осложнений резекции желудка по поводу «трудных» дуоденальных язв. Д., 2010.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш