Гули шому саҳар, ё Намозшомгул, Намозшомкушо ё Гули шабчароғ ё Мирабилис (лот. Mirábilis jalápa) — гулест аз оилаи Nyctaginaceae.

Гули шому саҳар
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Mirabilis jalapa L.
Мутародифот
Навъҳо
  • Mirabilis jalapa var. jalapa
  • Mirabilis jalapa var. procera (Bertol.) Choisy

Тавсифоти гиёҳшиносӣ вироиш

Рустании бисёрсола, ва­ле дар шароити киштукор яксола аст. Баландиаш аз 50 см то 1 м, ре­шааш лӯнда-лӯндаи ғафс. Пояаш рост, сершохча, баргаш думчадори дилшакл. Гули қифшакли сурх, гулобӣ, норанҷӣ, сафед, зард дорад, фақат шабона (номаш ҳам аз ҳамин ҷост) ё дар ҳавои тира мешукуфад; бӯяш хеле форам аст.

Навъҳо вироиш

Бештар ду навъи гули шому саҳар: Гули шому саҳари баргаш алобуло (Mirabilis jalapa var. variegata hort) ва Гули шому саҳари кӯчак (Mirabilis jalapa var. pumila fol. variegata) маъмул шудааст. Гули шому саҳар рус­тании рӯшноӣ ва гармипарвар аст. Тухми Гули шому саҳарро март—апрел мекоранд. Баъди 90—100 рӯзи кишт гул меку­над.

Корбурд вироиш

Онро бештар дар хиёбону гулгаштхо ва гулбоғҳо парвариш менамоянд. Гулнақш, гулхат ва сабзамайдонро низ зебу зинат медиҳад.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш