Гулобод (деҳа, н. Кӯлоб)

Гулобод (собиқ Девонахуҷа) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Кӯлоб. Аз Гулобод то маркази ҷамоат 7 км, то маркази ноҳия 27 км, то маркази вилоят 187 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1602 нафар (2017), тоҷикон.

Деҳа
Гулобод
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Хатлон
Ноҳия Кӯлоб
Таърих ва ҷуғрофиё
Номҳои пешина Девонахуҷа
Аҳолӣ
Аҳолӣ 1602 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992 3322

Иқтисод вироиш

Деҳа бунгоҳи тиббӣ, масҷиди панҷвақта, нуқтаҳои савдои хусусӣ, ҳавзи моҳипарварӣ, пойгоҳи оббарорӣ ва осиёби хусусӣ дорад. Деҳа мактаб надорад. Талабагон дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Гулзор таҳсил мекунанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, ғаллакорӣ, сабзавоткорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз дарёи Ёхсу обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гулобод 10 хоҷагии хурди деҳқонӣ, хоҷагиҳои деҳқонии «Гулобод» ва «Чорбоғи Поён» мавҷуданд.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш