Гулчеҳра Сулаймонӣ

Гулчеҳра Сулаймонӣ  (1 январи 1928, Бухоро — 5 апрели 2003, Душанбе) — шоири тоҷик, Шоири халқии Тоҷикистон (1988), барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (1977) барои маҷмӯъаҳои бачагона «Себи хубонӣ» ва «Чил кокули бозингар»[1], узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (аз 1957).

Гулчеҳра Сулаймонӣ
Гулчеҳра Сулаймонӣ
Таърихи таваллуд: 1 январ 1928(1928-01-01)
Зодгоҳ: Бухоро, ҶШС Ӯзбекистон
Таърихи даргузашт: 5 апрел 2003(2003-04-05) (75 сол)
Маҳалли даргузашт: Душанбе, Тоҷикистон
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Навъи фаъолият: шоир
Солҳои эҷод: 1946—1999
Жанр: шеъри бачагона
Забони осор: тоҷикӣ
Ҷоизаҳо:
ордени Дӯстии халқҳо

Зиндагинома вироиш

Гулчеҳра Сулаймонӣ дар хонаводаи шоири шаҳиру навовар Пайрав Сулаймонӣ 1 январи соли 1928 дар шаҳри бостонии Бухоро, ба дунё омадааст. Хатмкардаи омӯзишгоҳи духтарона (1943) ва Ин-ти давлатии педагогии Бухоро (1947).

Дар газетаи «Пионери Тоҷикистон» (ҳоло «Анбоз», 1950–51, мудири шуъба), маҷаллаи «Пионер» («Машъал», ҳоло «Истиқбол», 1951–1954, мудири шуъба), шуъбаи атфоли Нашриёти давлатии Тоҷикистон (1954−1961, мудир), маҷаллаи «Садои Шарқ» (1961−1970, мудири шуъба), шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони нашриёти «Маориф» (1971–1977, мудир), маҷаллаи «Занони Тоҷикистон» (ҳоло «Фирӯза», 1977–1984, ҷонишини сармуҳаррир) кор кардааст. Аз соли 1988 бознишаста ва машғули кори эҷодӣ буд.

Гулчеҳра Сулаймонӣ 5 апрели соли 2003 аз олам даргузашт.

Эҷодиёт вироиш

Гулчеҳра Сулаймонӣ муаллифи зиёда аз 20 маҷмӯаи ашъор мебошад. Маҷмӯаҳои «Имрӯз ид» (1957), «Ду бех олу» (1962), «Наргис» (1966), «Чархофалак» (1971), «Аспак» (1971), «Чил кокули бозигар» (1973), «Себи хубон» (1974), «Шаддаи марҷон» (1976), «Илҳом» (1977), «Рангинкамон», «Ниҳол» (ҳар ду 1979), «Айёми гули лола» (1982), «Таронаҳои офтобӣ» (1984), «Куртаи чакан» (1989), «Сичароғ» (1989), «Лолаҳои дасти ман» (1998), «Меҳргоҳ» (1999) ва ғ. ба қалами Гулчеҳра Сулаймонӣ тааллуқ доранд. Мавзӯи асосии эҷодиёти Гулчеҳра Сулаймонӣ васфи ҳаёти хуррами инсоният, тантанаи ғояҳои пешқадами замон, мақоми занон дар ҳаёти иҷтимоӣ ва меҳнати бунёдкоронаи халқ мебошанд. Қаҳрамони шеърҳои ӯ одамони заҳматдӯст буда, идеалҳои олии ҷамъияти адолатпарварро ҷонибдорӣ мекунанд. Гулчеҳра Сулаймонӣ асосан барои бачаҳо эҷод мекард. Олами кӯдаконро шоирона дарк карда, дар шеърҳояш орзуҳои наҷиб, хислатҳои нек, ҳолати рӯҳӣ, тарзи тафаккур, кирдору пиндори онҳоро бо диди тоза тасвир менамуд. Бисёр шеъру таронаҳояш ба сурудҳои дӯстдоштаи бачагон табдил ёфтаанд. Гулчеҳра Сулаймонӣ дар ситоиши модарбузург (бибӣ) аз забони кӯдакон вобаста ба завқи онҳо кашфиёти бадеӣ намудааст:

Тарҷумаи осор вироиш

Китобҳои Г. ба забонҳои русӣ − «Карусель» 1967, «Солнце золотое» − 1969, «Дождик» − 1972, «Мамино платье» − 1972, «Сорок косичек» − 1974, «Яблоко Хубон» − 1975, «В гостях у бабушки»−1978, «Полевой цветок»−1980, «Песня мамина слышна» − 1982, «Детская литература» − 1983, «Бусинки»−1992, украинӣ − «Сорок сестричок» (1974), «Карусель» (1995), молдавӣ − «Карусель» (1975), ӯзбекӣ − «Помир чечаклари» (1977), белорусӣ − «Сорок игривых косичек» (1982), қазоқӣ − «Қырық бурым» (1983), чехӣ − «Деревушка Сечарог» (1985) ва дигар забонҳои дунё тарҷума ва нашр шудаанд. Шеърҳои бачагонаи шоирони рус − Агния Барто, Вера Инбер, Демян Бедний, Наталя Данилова Мария Малсева, Сергей Михалков, Самуил Маршак, Людмила Татяничева, арман − Силва Капутикян («Мо ба Маскав омадем»), Сурен Муродян («Суруди хаткашон»), украин − Леся Украинка, Галина Бойко, Андрей Кочан, Артур Волский, Иван Тарба, ӯзбек − Қуддус Муҳаммадӣ, Ҳамидулло Ёқубов, литвонӣ−Янина Дегутайте, озарӣ − Хонумона Алибейлӣ, қазоқ − Ҷамбул Ҷабаев, туркман − Қаюм Тангриқулиев («Анор»), Нурӣ Байрамов ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.

Ҷоизаҳо вироиш

Бо медали ордени «Дӯстии халқҳо» (1986) «Барои меҳнати шуҷоатнок. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин» (1970), Грамотаи Фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (1976), сарфароз гардидааст. Узви ИН Тоҷикистон аз соли 1957.

Намунаи ашъор вироиш

Бибиҷонам меояд,
Дилу ҷонам меояд.
Аз раҳи дур меояд,
Базӯр-базӯр меояд.
Равам, кӯрпача орам,
Болишти қу гузорам.
Чояки гарм биёрам,
Нонаки нарм биёрам.

Бибем ояд, мо хурсанд,
Кисаҳояш пури қанд.
Мавизу мағз меорад,
Чизҳои нағз меорад.

Бибиҷона шинонам,
Хафа шудан намонам.
Гапҳои бибем ширин,
Қанд барин, асал барин.

Бибиҷони хушрӯям,
Бибии қиссагӯям.
Бибем кони афсона,
Бибиҷонам ягона.

Осор вироиш

  1. Имрӯз ид. — Сталинобод: Нашр. дав. тоҷик, 1957. — 21 с.
  2. Ду бех олу. — Душанбе: Нашр. дав. тоҷик, 1962. — 32 с.
  3. Наргис. — Душанбе: Ирфон, 1966. — 70 с.
  4. Аспак. — Душанбе: Ирфон, 1972. — 6 с.
  5. Себи хубон: Шеърҳо. Барои наврасон. — Душанбе: Ирфон, 1974. — 31 с.
  6. Шаддаи марҷон: Шеърҳо. — Душанбе: Маориф, 1976. — 96 с.
  7. Илҳом: Шеърҳо. — Душанбе: Ирфон, 1977. — 48 с.
  8. Ниҳол. — Душанбе: Ирфон,1978. — 240 с.
  9. В гостях ӯ бабушки: Стихи (Для мл. школ. возраста). — М.: Малыш, 1978. — 24 с.
  10. Рангинкамон: Шеърҳо. — Душанбе: Маориф, 1979. — 40 с.
  11. Полевой цветок: Стихи/ Пер. с тадж. — М.:Сов. писатель,1980. — 64 с.
  12. Айёми гулу лола: Шеърҳо. — Душанбе: Маориф, 1982. — 143 с.
  13. Сорок косичек: Стихи. — М.:Дет. лит.,1983 — 63 с.
  14. Песня мамина слышна: Стихи (Для мл. школ. возраста) — М.: Дет. лит., 1983. — 63 с.
  15. Сичароғ: Шеърҳо. — Душанбе: Адиб, 1988. — 320 с.
  16. Вышел дождик на работу: Стихи.- Душанбе: Адиб, 1992.- 64 с.
  17. Лолаҳои дасти ман. — Душанбе: Шарқи озод, 1998.- 8 с.
  18. Меҳргоҳ: Маҷмӯаи лавҳаҳо, ёддоштҳо ва хотираҳо. — Душанбе: Адиб, 1999.- 112 с.

Эзоҳ вироиш

  1. Энсиклопедияи советии тоҷик. Ҷилди 4. — Душанбе, 1983. — с. 539—540.

Адабиёт вироиш

  • Гулчеҳра Сулаймонӣ / Н. Файзуллоев, Ш. Мирзоева // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
  • Бобокалонова Ҷ. Материалҳо оид ба адабиёти бачагонаи тоҷик. Д., 1975;
  • Амонов Р. Адабиёт ва бачагон. Д., 1981;
  • Таърихи адабиёти советии тоҷик. Ҷ. 6. Д., 1982;
  • Файзуллоев Н., Баҳриев Ф. Чеҳраи тобони назм (дар бораи осор ва рӯзгори Гулҷеҳра Сулаймонӣ). Х., 2012;
  • Детская литература Таджикистана. М., 1981;
  • Таджикская детская литература. Д., 1982.