Гулқанд, гулшакар — доруест ширину гуворо.

Гулқанд
сурат
Кишвари асл
 Парвандаҳо дар Викианбор

Дар тибби Шарқ машҳур аст. Аз барги гули тару тозаи муаттари садбарги ҷойдорӣ тайёр мекунанд. Ду навъ мешавад: шакарӣ ва ангубинӣ. Қуввати гулқанди ангубинӣ то чаҳор сол ва гулқанди шакарӣ то ду сол маҳфуз мемонад. Тарзи тайёр кардани гулқанд чунин аст: гулбаргҳои тару тозаи садбарги ҷойдориро пеш аз тулӯи офтоб чида, дар зарфе мекӯбанд (ё аз гӯштқимакунак мегузаронанд), ба андозаи сечанд ё чорчанди вазни он шакар андохта, хуб дарҳам меомезанд, даҳони зарфро пӯшида чил рӯз дар офтоб мегузоранд. Баъзан барои хуштаъм шудани гулқанд ба он 4-5 барги заъфарон ҳам илова мекунанд. Табибони Шарқ гулқандро муқаввии меъда ва димоғ, ҷабандаи рутубат, ҳамчунин барои баъзе амрози гурда, сурфа, камқувватӣ, ибтидои дарди мафосил нофеъ медонанд. Гулқандро дар таркиби дигар давоҷот низ истифода мекарданд, мас., бо челону тухми карафс ҷӯшонда медоданд.

Нигаред низ вироиш

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш