Гулӯлапартоӣ, партоби вазна — мусобиқаи бо даст ба масофаи дур пар­тофтани асбоби махсуси варзишӣ — гулӯла. Гулӯлапартоӣ яке аз навъҳои техникии варзиши сабук буда, аз варзишгар қув­ваи бозу ва мутобиқати ҳаракатро тақозо менамояд. Гулӯлапартоӣ ба барномаи Бозиҳои олимпӣ (мардҳо — аз соли 1898, занҳо — аз соли 1948) дохил карда шудааст.[1]

Чемпиони олимпии соли 1912 Патрик Макдоналд (ИМА)

Қоида вироиш

Вазни гулӯла барои мардҳо — 7,257 кг, барои занҳо — 4 кг. Ширкаткунандаи му­собиқа дар дохили давраи қутраш 2 м 135 см дар ҳола­ти омодабош қарор гирифта, бо як дасташ гулӯ­ларо то сари китф бардошта, паҳлуи гӯш ва зери манаҳ нигоҳ медорад. Ӯ дар дохили давра чархида, гулӯларо бо қувваи як даст таҳти кунҷи 350 ба дарозӣ мепартояд. Панҷаи даст дар вақ­ти партофтани гулӯла бояд аз ҳолати омодабош поин нафурояд. Ҳангоми партофтани гулӯла дастпӯ­шак гириф­тан ва докапеч кардани кафи дасту ангуштон мамнӯъ аст. Агар кафи дасти варзишгар захм дошта бошад, вай бояд пе­шакӣ ба довар муроҷиат намояд, то ки довар дар бораи дар мусобиқа иштирок кардани ӯ хулоса барорад. Агар варзишгар ҳангоми партофтани гулӯла аз давра берун барояд ва ё то ба замин бархӯрдани гулӯла ба канори болоии дево­раи давра даст расонад, натиҷаи ӯ беэътибор дониста мешавад. Баъзан варзишгарон ҳангоми партоби нобарор қас­дан аз давра берун мебароянд, то ки партоби онҳо чен карда на­шавад. Гулӯла аз ҷониби варзишгар шаш бор ба масофа партофта мешавад. Агар ширкаткунандагони мусобиқа беш аз ҳашт нафар бошанд, баъди се дафъаи партоби гулӯла ҳашт вар­зишгари беҳтаринро ҷу­до мекунанд, ки баъди се дафъаи пар­тоби гулӯла варзишгари беҳтарин муайян мешавад.

Таърих вироиш

Аввалин мусобиқаҳои гулӯлапартоӣ миёнаҳои садаи XIX дар Англия баргузор гардидаанд. Нахустин рекорди ҷаҳонӣ (10,62 м) соли 1866 гузошта шудааст. Техникаи гулӯлапартоии он замон сода буд. Варзишгарон тамоми масоҳати давраро истифода на­бурда, бо як по ба пеш ҷаҳида, гулӯларо мепартофтанд. Ҳат­то то соли 1912 ҳангоми партофтани гулӯла ҳар ду даст­ро истифода мебурданд. Ин усули партоби гулӯла то соли 1950 давом кард ва Ҷеймс Фукс бо ин усул охирин рекорди ҷаҳонӣ (17,95 м)-ро гузошт. Солҳои 1950 варзишгари ам­рикоӣ Пери Оʼ Брайен усули нав, яъне дар дохили давра ҷаҳида-ҷаҳида партофтани гулӯларо рӯи кор овард. Ӯ бо ин усул гулӯларо ба масофаи 18 ва 19 м партофта, даҳ бор рекорди ҷаҳонӣ гузошт. Солҳои 70 садаи XX усули нав — дар дохили давра чархида партофтани гу­лӯ­ларо рӯи кор оварданд. Муаллифи он мураббии маъруфи шӯравӣ Виктор Алексеев буд. Шогирди ӯ Александр Баришников гу­лӯ­ларо бо ин усул ба масофаи 22 м партофта, рекорди на­ви ҷаҳонӣ гузошт. Ин усули партоби гу­лӯ­ла имрӯз бештар дар Амрико маъмул аст. Дар Бози­ҳои олимпии соли 1990 (Уэст­вули ИМА) варзишгари амри­коӣ Ренди Барнс бо ин усул гулӯларо ба масофаи 23 м 12 см партофта, рекорди нави ҷа­ҳонӣ гузошт. Ҳоло дар гулӯлапартоӣ байни занон варзишгарони Белоруссия, Зеландияи Нав ва Русия пешсафанд.

Эзоҳ вироиш

  1. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 4. ВИЧЛАС — ГӮЯНДА — Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2015, — с.566

Адабиёт вироиш


Пайвандҳо вироиш

 
Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад: