Гурез Сафаррӯзноманигор, шоир, нависанда, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1989), узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1995)

Гурез Сафар
Гурез Сафар
Таърихи таваллуд: 10 май 1960(1960-05-10) (63 сол)
Зодгоҳ: Кӯлоб
Навъи фаъолият: шоир,рӯзноманигор,нависанда

Зиндагинома вироиш

Гурез Сафар 10 майи соли 1960 дар шаҳри Кӯлоб, дар хонадони шоир Ашӯр Сафар, ба ҷаҳон омадааст. Соли 1983 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Баъдан корманди илмии ҳамин донишгоҳ, роҳбари бадеии Қасри маданияти Кӯлоб, мусаҳҳеҳи нашриёти «Маориф», мусаҳҳеҳи калон, муҳаррир, муҳаррири пешбар ва мудири шуъбаи адабиёти калонсолони нашриёти «Адиб», сармуҳаррири маҷаллаи ҳаҷвии «Хорпуштак» (1996-1999) будааст. Ҳоло ҷонишини директори Муассисаи нашриявии «Адиб» мебошад. Навиштаҳояш аз соли 1989 интишор меёбанд, ки ба мавзӯъҳои Ватан, Модар, сулҳу ваҳдат, дӯстиву муҳаббати поки инсонӣ, худшиносии миллӣ ва ғ. бахшида шудаанд. Дар офаридани шеъру ҳикояҳои ҳаҷвӣ сабки хосе дорад, ки ғолибан латифу ҳадафрасанд ва ахлоқу аносири манфури ҷомеаро зери тозиёнаи малеҳи ҳаҷву мутояба қарор медиҳанд.Аз соли 1989 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, аз соли 1995 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Эҷодиёт вироиш

Офаридаҳояш дар авроқи кутуби «Ариза ба номи янга» (1992), «Азизи дидаву шунида» (1994), «Нози ҳавас» (1996), «Ҷавобак» (2000), «Миқрози насим» (2002), «Чашми сиёта садқа» (2004), «Лутфи Ашӯр Сафар» (2005), «Сад барги тар» (2009), «Равзани роз» (2010), «Шамъи саодат» (2014), «Ҳам арш, ҳам фарш» (2015) ва ғ. ба табъ расидаанд. Соли 2011, барои маҷмӯаи «Равзани роз», сазовори Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода гардидааст.

Ҷоизаҳо вироиш

Сарчашма вироиш

  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с.217 ISBN 978-99947-2-379-9