Гурминҷ Завқибеков

Гурминҷ Завқибеков (1 майи 1929, ноҳияи Рӯшон, ВАКБ — 21 октябри 2003, Душанбе, Тоҷикистон) — ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик, Узви Иттифоқи киноматографистони Тоҷикистон ва СССР (1958). Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1966), дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ (1965)[1]

Гурминҷ Завқибеков
Таърихи таваллуд: 1 май 1929(1929-05-01)
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт 21 октябр 2003(2003-10-21) (74 сол)
Маҳалли марг:
Шаҳрвандӣ:
Касб: ҳунарпеша, мусиқидон
Ҷоизаҳо:
Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон
IMDb: ID 0953808

Зиндагинома вироиш

Гурминҷ Завқибеков 1 майи соли 1929 дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ ба дунё омадааст. Дар мактаби №3 ба номи С.М.Кирови шаҳри Хорӯғ таҳсил кардааст. Донишкадаи театрию ҳунарии ба номи А. Н. Островскийи шаҳри Тошкандро (1954) хатм кардааст.

Солҳои 1943—1946 — мусиқинавози дастаи бачагонаи Помир, солҳои 1946—1950 ҳунарпешаи театри вилоятии мусиқию драмавии шаҳри Хорӯғ, аз соли 1954 дар Театри давлатии академию драмавии Тоҷикистон ба номи А. Лоҳутӣ нақшҳои барҷастаи асосии қаҳрамонони миллиро бозидааст.

Филмҳо вироиш

  • «Дӯсти ман Наврӯзов», (1957),
  • «Дохунда», (1956),
  • «Вазифаи олӣ», (1958),
  • «Чароғ дар кӯҳсор», (1958),
  • «Қисмати шоир», (1958),
  • «Одам пусташро иваз мекунад», (1959),
  • «Оператсия кобра» (1960)
  • «Парчами оҳангар», (1961),
  • «Аланга зери хокистар» (1967),
  • «Бо амри дил», (1968),
  • «Достони Рустам», (1970)
  • "Ситора дар тирашаб " (1972),
  • «Субҳи нави ҷавонӣ» (1979) ва ғ. ва диг. нақшҳо офаридааст.

[2].

Некдошт вироиш

Дар Душанбе аз ӯ Осорхонаи асбобҳои мусиқии ба номи Гурминҷ Завқибеков ҳамчун нишон мондааст. Асосгузори осорхонаи асбобҳои мусиқӣ — Гурминҷ Завқибеков мебошад. Дар назди осорхона ансамбли фолклорӣ амал мекунад, ки роҳбараш фарзандаш аст.[3]

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Энциклопедия кино Таджикистана. — Душанбе: «ЭР-граф», 1992. — С. 97. — 396 с. — ISBN 978-99947-919-4-1.