Гэ́ри Стэнлӣ Бе́ккер (англ. Gary Stanley Becker; 2 декабри 1930, Поттсвилл, иёлати Пенсилвания — 3 майи 2014, Чикаго) — иқтисоддони амрикоӣ, Президенти Ассотсиатсияи иқтисодии Амрико (1987), Президенти Созмони иқтисодиёти меҳнат (1997).

Гэри Беккер
англ. Gary Becker
Таърихи таваллуд 2 декабр 1930(1930-12-02)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 3 май 2014(2014-05-03)[1][2][3][…] (83 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ илми иқтисод
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Роҳбари илмӣ H. Gregg Lewis[d]
Ҷоизаҳо
Логотипи Викигуфтовард Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома вироиш

Донишгоҳҳои Чикаго ва Принстонро хатм карда, ба ҳайси профессори ҳамин донишгоҳ (1970) ва Донишгоҳи Колумбия кор кардааст. Назарияпардози асосии империализми иқтисодӣ мебошад. Дар асарҳояш — «Сармояи инсонӣ — таҳқиқоти назариявӣ ва эмпирикӣ» (1964) ва рисола дар бораи хонавода (оила) назарияи интихоби оқилонаи иқтисодиро пешниҳод намуд, ки он бар манофеи шахсии фард асос ёфтааст ва қисмати бештари фаъолияти инсонро, ҳатто комилан ғайрииқтисодӣ, ба монанди бунёди оила муайян менамояд. Усулҳои назарияи иқтисодиро барои тавсифи ҷанбаҳои рафтору муносибати инсон истифода намуд, ки қаблан онро соҳаи ҳукмфармои ҷомеашиносӣ ва оморшиносӣ медонистанд. Ин таҳқиқоти Беккер «назарияи нави истеъмол» ном гирифт. Барои вусъати соҳаи таҳлили микроиқтисодӣ дар як силсила ҷанбаҳои рафтори инсонӣ ва ҳамкорӣ, аз ҷумла ғайрибозорӣ Беккер с. 1992 сазовори Мукофоти нобелӣ гаштааст.

Китобшиносӣ вироиш

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Коржев Е. П. Гари Беккер — лауреат Нобелевской ҷоизаҳо 1992 г. в области экономики. М., 1992;
  • Новая российская энциклопедия. Т.III (1), М., 2007;
  • Britanica. Настольная энциклопедия. Т. 1.

Сарчашма вироиш