Каёниён (форсӣ: كیانیان‎), каёния — унвони силсилаи шоҳоне, ки мувофиқи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ баъди Пешдодиён ҳукм рондаанд. Саромадашон Кайқубод. Каёниён исми ҷамъ аз «кай». ки дар Авесто ба шакли «кавӣ» ба маънии «шоҳ», «ҳоким» омадааст. Дар забони паҳлавӣ дар шакли «ке» чун ифодаи «шоҳ» ва дар маъхазҳои ҳиндии қадим дар шакли «кавӣ» ба маънии «пешвои динӣ» низ дучор меояд.

Каёниён

Дар Авесто вироиш

Дар Авесто Кайқубод, Кайковус, Сиёвуш, Кайхусрав, Кай Гуштосп (Виштосп) номбар шудаанд. Кай Гуштосп (Виштосп) ҳамчун ҳомии Зардушт машҳур аст. Дар Готҳо «қавӣ» нисбат ба шоҳони ситамгар ва ноодил истифода гардидааст, ки душмани зардуштия будаанд.

Дар «Шоҳнома» вироиш

Дар бораи Каёниён дар осори забони паҳлавӣ «Бундаҳишн» (фасли 31 «Дар нажод ва насаби Каёниён»), «Динкард», «Минуи хирад» ва манъбаҳои баъди садаҳои VI-VII низ маълумот ҳаст. Маълумоти «Шоҳнома» ҷамъбасти тамоми ривоёту гуфторҳо дар бораи Каёниён буда, аз маълумоти то таълифи он фарқи ҷузъӣ дорад. Фирдавсӣ Ҳумой, Дороб, Дороро ба қатори Каёниён дохил кардааст, ки онҳо аслан шоҳони Ҳахоманишӣ мебошанд. Дар «Шоҳнома» Искандари Мақдунӣ низ ба қатори Каёниён дохил гардидааст, ки мувофиқи ривояте падараш гӯё эронӣ будааст ва аз ин рӯ, ӯ тавонист ба фарри каёнӣ соҳиб гардад ва дар Эрон ҳукмронӣ намояд.

Ақидаи муҳаққиқон вироиш

Ба ақидаи муҳаққиқон, аз ҷумла, М. М. Дьяконов, А. Кристенсен

Каёниён шоҳоне буданд, ки асрҳои IX—VII то милод дар Бохтар дар давраи аз ҳам ҷудо шудани қабилаҳои ҳундуэронӣ ҳукм рондаанд. Ҳудуди давлати Каёниён қисмати шарқӣ, шарқу шимоли Эронро дарбар мегирифт ва Каёниён ба Ҳахоманишиён муносибате надоранд.

Гарчанде мавҷудияти таърихии Каёниёнро пурра исбот намудан мушкил аст, дар амалиёту фаъолияти баъзе аз Каёниён ҷанбаи таърихиро пайдо намудан имконпазир аст.[1]

Номи 9 шоҳи сулолаи Каёниён, ки дар Ориёно ҳукумронӣ намудаанд, аз саршмаҳои хаттӣ маълум аст. Охирин шоҳи Каёнӣ, ки дар Авесто номбар шудааст, Виштосп мебошад. Аммо муаллифони баъдина чор шоҳи Ҳахоманишиёнро низ ба ҳамин сулола дохил кардаанд.

Шоҳони сулолаи Каёниён:

Адабиёт вироиш

  • Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. Ҷ.1. — Душанбе, 1963;
  • Брагинский И. С. Из истории персидско-таджикской поэзии. — М., 1956;
  • Дьяконов М. М. Очерк истории древнего Ирана. — М., 1961;
  • Кузьмина Е. Е. В стране Афрасиаба и Кавата. — М., 1977;
  • Ҳамдам Мӯъминҷонов. Тӯрон — гаҳвораи тамаддуни ориёӣ. — Душанбе, 2004;
  • С. Одина. Санои афсона. — Душанбе, 2006.
  • Жозеф Маркварт. Веҳрӯд ва Аранг… тарҷумаи Довуд Муншизода. — Теҳрон: «Бунёди мавқуфоти дуктур Маҳмуди Афшор», 1368.
  • Ҳусайн Шаҳидии Мозандаронӣ. Ҷуғрофиёи «Шоҳнома». — Теҳрон: «Бунёди Нишопур» ва муассисаи ҷуғрофиёии «Саҳоб», 1371.

Эзоҳ вироиш

  1. Донишномаи Ҳисор -Душанбе: «Ирфон», 2015, — соли 296 — 281—282
  2. Ҳотамов Н. Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). — Душанбе,2011, — С. 25-26.