Даниел Карлтон Гайдушек

Даниел Карлтон Гайдушек (англ. Daniel Carleton Gajdusek; 9 сентябр 1923, Йонкерс, Ню Йорк, ИМА — 12 декабри 2008, Тромсё, Норвегия) — пизишк ва вирусшиноси амрикоӣ.

Даниел Карлтон Гайдушек
англ. Daniel Carleton Gajdusek
Таърихи таваллуд 9 сентябр 1923(1923-09-09)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 12 декабр 2008(2008-12-12)[4][3][5] (85 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ вирусшиносӣ
Алма-матер
Ҷоизаҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома вироиш

Хатмкардаи факултаи тиббии Донишгоҳи Рочестер (1943) ва Ҳорвард (1946). Дар Институти Пастери Теҳрон (1954), Институти таҳқиқоти тиббии Мелбурн (1955-57), Институти бемориҳои асаби Институти миллии саломатӣ дар Бетесд (1958) фаъолияти илмии ӯ сурат гирифтааст. Оид ба генетика, таҳаввулоти одам, патофизиологияи бемориҳои асаб пажӯҳиш анҷом додааст. Солҳои тӯлонӣ байни аборигенҳои қабилаи форуи ҷазираҳои Гвинеяи Нав зиста, сабаб ва роҳҳои паҳн гаштани бемории вирусии куруро ошкор намуд. Соли 1976 ҳамроҳи Барух Блюбер барои кашфи роҳҳои нави пайдоиш ва густариши бемориҳои вирусӣ сазовори мукофоти Нобел гардид.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш