Дарбанд

маркази ноҳияи Нуробод

Дарбáнд (то 14 майи 1999 шаҳраки Комсомолобод) — шаҳрак, маркази маъмурии ҷамоати шаҳраки Дарбанд ва маркази маъмурии ноҳияи Нурободи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шаҳрак
Дарбанд
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят НТҶ
Ноҳия Ноҳияи Нуробод
Таърих ва ҷуғрофиё
Минтақаи замонӣ {{{минтақаи замонӣ}}}
Аҳолӣ
Аҳолӣ 2800[1] тан (2022)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992 31 33
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ҷуғрофиё ва аҳолӣ вироиш

Аз Дарбанд то шаҳри Душанбе 157 км; роҳ – асфалтпӯш. Аҳолиаш 1849 нафар (январи 2017).

Аҳолӣ вироиш

сол 2014 2015 2017 2019 2020 2021 2022
шумора
(ҳаз. нафар)
1,1 1,2 1,849 1,3 1,3 2,7 2,8

Тақсимоти маъмурӣ вироиш

Шаҳрак аз 7 маҳалла иборат аст.

Маориф, фарҳанг ва саломатӣ вироиш

Дарбанд муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, беморхонаи марказӣ, дармонгоҳ, варзишгоҳи замонавӣ (дорои 5 ҳазор ҷои нишаст), клуб, дорухона, 18 нуқтаи савдои хусусӣ, маркази назорати беҳдошт (санитарию эпидемиологӣ), нуқтаҳои хидмати маишӣ, бозори замонавӣ, масҷиди панҷвақта, 2 хатти оби ошомиданӣ, корхонаи обтозакунӣ, боғчаи бачагон, чойхона, ошхона, китобхона, коллеҷи муҳандисӣ-техникӣ, ҷамъияти матлубот, шуъбаи корҳои дохилӣ, шуъбаи амният, суд, прокуратура, идораи байторӣ, муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгард, ситоди ҳолатҳои фавқулода, идораи кишоварзӣ, комиссариати ҳарбӣ, шуъбаи маориф, муассисаи серсоҳаи хоҷагии манзилӣ-коммуналӣ[ru], шуъбаи нозироти андоз, шуъбаи омор, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва филиали бонкҳо дорад. Дар Дарбанд 22 омӯзгор (15 нафар соҳиби маълумоти олӣ) ва 42 духтур (18 нафар соҳиби маълумоти олии тиббӣ) фаъолият доранд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: ғаллакорӣ, боғдорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз дарёҳои Сурхоб ва Хингоб ба воситаи наҳри «50 солагии Тоҷикистон» обёрӣ мешаванд. Дарбанд бо номи шаҳри қадимии Дарбанд номгузорӣ шудааст, ки харобаҳояш ҳанӯз дар шимолу шарқии деҳаи Лаби Ҷари ноҳияи Нуробод пайдо шудаанд.

Эзоҳ вироиш

  1. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. ШУМОРАИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТО 1 ЯНВАРИ СОЛИ 2022. 23 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 октябри 2022.

Сарчашма вироиш