Дарёбон (форсӣ: دریابان‎) — дараҷае солорӣ дар нерӯи дарёӣ, ки ҷойгоҳе болотар аз дарёдор ва поинтар аз дарёсолор дорад ва баробар бо лашкарсолор дар нерӯҳои заминӣ ва ҳавоӣ аст[2]; вице-адмирал.

Дарёбон
Сардӯшии дарёбон дар Нерӯи дарёии Русия Нишони остини дарёбон дар Нерӯи дарёии Русия
Кӯтаҳнивишт форсӣ: دریابان
Кишвар  Русия
Дараҷаи болотар Дарёсолор
Дараҷаи поинтар Дарёдор
Ҳамто
Пайдарпаии дараҷаҳои низомӣ
Дараҷаи поинтар:
Дарёдор

Дарёбон
Дараҷаи болотар:
Дарёсолор

Вожашиносӣ вироиш

«Дарёбон» ба маънои «нигаҳбони дарё»[3] аз як вожа ва як пасванд сохта шудааст: дарё (форсӣ: دریا‎ < порсии миёна: drayāb- < порсии бостон: drayah-[4]) + -бон (форсӣ: بان-‎ > порсии миёна: -bān, -vān < паҳлавӣ: pāna-нигаҳбон, посбон’ < эронии бостон: *√pā-поидан, нигаҳбонӣ кардан’ + -van), ки ба исм афзуда мешавад ва умуман маънии «нигаҳбон»-ро мерасонад[5]. Ин пасванд дар илҳоқ ба чанд исми маънӣ ба маънои «кунанда, варзанда, доранда» аст[6]. Мақулаи дастурии ин вожа исм ва сохтвожаи он ба сурати [исм (дарё) + пасванд (-бон)] аст. Дар сохти ин исм аз фароянди вожасозии таркиб истифода шудааст.

Истилоҳи «дарёбон»-ро соли 1935 Фарҳангистони забони Эрон ҷойгузини дараҷаи низомии «амирулбаҳри дувум» (аз ар. امیرالبحر‎ < фр. admiral «фармондеҳи нерӯи дарёӣ») кардааст[7].

Пешина вироиш

Адмирал (русӣ: адмира́л < ҳол. admiraal[8] < фр. amiral, admiral < ар. أمير البحرамиру-л-баҳр «дарёсолор»[9][10]) ҳамчун дараҷаи низомӣ дар нерӯи дарёӣ дар Аврупо садаи XII расм шуд (дар Венетсия ва Генуя). Пётри I охири садаи XVII дар Русия ин дараҷаро (генерал-адмирал, адмирал, витсе-адмирал ва контр-адмирал) ҷорӣ намуд.

7 майи 1940 дар Флоти ҳарбии баҳрии СССР дараҷаҳои контр-адмирал, витсе-адмирал, адмирал, адмирали флот таъсис ёфтанд, барои адмиралҳои хидмати инженерии киштӣ унвонҳои инженер-контр-адмирал, инженер-витсе-адмирал, инженер-ад­мирал ҷорӣ шуд. 3 марти 1955 ба ивази унвони адмирали флот – Адмирали Флоти Иттифоқи Советӣ қабул шуд. Аз 28 апрели 1962 унвони Адмирали Флоти СССР низ ҷорӣ гардид. Барои адмиралҳои хидмати инженерӣ аз 18 ноябри 1971 унвонҳои конт-адмирал-инженер, витсе-адмирал-инженер, адмирал-инженер муқаррар шуданд.

Сарчашма вироиш

Эзоҳ вироиш

  1. Алиев Г. Г. канд. филол. наук. Персидско-русский и русско-персидский военный словарь / Под ред. канд. филол. наук, доц. А. М. Шойтова. — М.: Воениздат, 1972. — С. 131; 361. — 655 с. — 3 500 экз.
  2. Анварӣ, Ҳасан. Фарҳанги бузурги «Сухан». Ба сарпарастии Ҳасан Анварӣ, Теҳрон: «Сухан», 1381 –. 8 ҷ. мусаввар. ISBN 964-6961-98-3 (давра).
  3. Деҳхудо, Алиакбар. Луғатномаи Деҳхудо (нусхаи диҷитол) бар асоси нусхаи физикии 15-ҷилдии интишори соли 1377. — Муассисаи Луғатномаи Деҳхудо ва Маркази байнулмилалии омӯзиши забони форсии Донишгоҳи Теҳрон, 1399.(пайванди дастнорас)
  4. Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1383. ISBN 978-600-6143-55-2. ҷ. 2, с. 1309.
  5. Таботабоӣ, Алоъуддин. Фарҳанги тавсифии дастури забони форсӣ. – Теҳрон: «Фарҳанги муъосир», 1395. – 640 с. – 116. ISBN 978-600-105-121-0.
  6. Содиқӣ, Алиашраф. Шеваҳо ва имконоти вожасозӣ дар забони форсии муъосир (5) // «Нашри дониш», хурдод ва тири 1371, шумораи 7, сс. 39 – 45.
  7. Рустоӣ, Муҳсин. Вожагони низомии мусаввиби Фарҳангистони Эрон (1314—1320 ҳ.ш.) // Ганҷинаи аснод. — саҳ. 38. 22 Декабри 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 апрели 2018.
  8. М. Фасмер. Этимологический словарь русского языка. Под ред. О. Н. Трубачёва. Москва, «Прогресс», 1986. Т. I, С. 62.
  9. A. Dauzat, J. Dubois, H. Mitterand. Nouveau Diccionaire Étymologique et Historique. Libraire Larousse, Paris, 1964. С. 29.
  10. Адмирал // Энциклопедический словарь Брокгауза и Ефрона : в 86 т. (82 т. и 4 доп.). — СПб., 1890—1907.

Пайвандҳо вироиш