Дастгоҳи аккосӣ (дастгоҳи аксбардорӣ, дурбини аккосӣ), фотоаппарат — асбоби оптикию механикиест барои дар фотонавор ё фотолавҳа сабт кардани тасвири ягон чиз.

Фотоаппаратҳо асосан аз қисмҳои зерин иборатанд: камераи рӯшноиногузар (ҳамчун корпуси асос ва ҷои кассетаҳои фотонавор таъйин шудааст); объектив (барои офаридани тасвири оптикии объект); затвор (барои таъмин кардани муҳлати экспононӣ дар экспозисияи интихобшуда); видоискател (барои муқаррар кардани ҳудудҳои тасвири объект дар кадр ва интиҳои нуқтаи суратгирӣ); механизм барои танзими объектив. Баъзе фотоаппаратҳо фотоэкспонометр, си нхроконтракт, автопуск низ доранд.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш

  • Фотоаппарат // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).